Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай

18.06.2005 18:00, шаҳри Душанбе

18 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бӯстонсарои ҳукуматӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқот кард.

"Мо,- изҳор дошт Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон - аз раванди густариши равобит ва ҳамкории ду кишвари дӯст ва бародар асосан қаноатмандем. Боиси хушнудист, ки бунёди сиёсӣ-ҳуқуқии равобит ва ҳамкории мо таҳким меёбад, соҳаҳои ҳамкорӣ тавсеаи бештар ва механизми ҳамкорӣ такмили пайгир меёбанд, уфуқҳои нав ва дурахшон падид меоянд".

Ҷониби Тоҷикистон омодагии худро оид ба фиристондани ҳудуди 2 миллиард кВт/соат қувваи барқро бо қиммати хеле арзон ба Афғонистон дар мавсими баҳору тобистон изҳор дошт.

Ҳар ду ҷониб  ҳамкории илмӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии ду кишварро самти ниҳоят муҳим ва стратегии ҳамкорӣ донистанд.

Қайд гардид, ки "Барномаи ҳамкориҳои илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои солҳои 2005-2015" таҳия мегардад, ки дар он на фақат самтҳо ва роҳҳои ин ҳамкорӣ, балки силсилаи иқдомоти ниҳоят муҳим ва мушаххас дақиқан муайян хоҳад гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои суботу амнияти пойдори минтақа, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар мавзӯоти доғи рӯз табодули назар карданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520