Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба унвони Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

12.06.2005 09:00, шаҳри Душанбе

12 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

"Мӯҳтарам Владимир Владимирович!

Ба муносибати солгарди  қабули Эъломия дар бораи соҳибихтиёрии давлатии Федератсияи Россия табрикотамро бо қаноатмандии зиёд ба Шумо ва дар шахсияти Шумо ба халқи дӯсти Россия ирсол медорам.

Тоҷикистон муносибатҳои иттифоқию ҳамкориро бо Россия қадр карда, мехоҳад онҳоро дар ҳамаи самтҳо мустаҳкам намояд ва густариш бидиҳад.

Изҳори боварӣ менамоям, ки мо бо саъю кӯшиши умумӣ метавонем ба ҳамкории барои ҷонибайн муфиди Тоҷикистону Россия, ки ба манфиатҳои ҳарду халқу давлат мувофиқ буда, омили муҳимми сулҳи минтақа мебошад, суръату густариши зиёде бахшем. Мо азму ирода дорем, ки барои ин ҳамаи саъю кӯшиши заруриро ба харҷ диҳем.

Иҷозат диҳед ба Шумо, мӯҳтарам Владимир Владимирович, тансиҳатии бардавому муваффақиятҳо ва ба халқи Россия беҳбудию шукуфоӣ орзу намоям".

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520