Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Сарвазири Британияи Кабир Тони Блейр

11.06.2005 10:00, шаҳри Душанбе

11 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Британияи Кабир Тони Блейр ба муносибати  иди миллии кишвараш барқияи табрикӣ ирсол дошт, ки дар он аз ҷумла омадааст:

"Бо майли том мехоҳам ба Шумо табрикоти самимии хешро ба муносибати  иди миллии кишвари Шумо бирасонам.

Аз ин фурсат истифода бурда, манфиатдории моро дар рушди мунтазами ҳамкориҳои  гуногунҷабҳа бо кишвари Шумо бори дигар таъкид мекунам.

Муътақидам, ки бо талошҳои муштарак мо аз тариқи тавсеаи соҳаҳои он ба ҳамдастии байни Тоҷикистон ва Британияи Кабир такони нав хоҳем бахшид

Муҳтарам ҷаноби Сарвазир, ба Шумо саломатӣ, саодатмандию муваффақият ва ба мардуми Британияи Кабир сулҳу ободӣ таманно менмоям".

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520