Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Муғулистон Намбарин Энхбаяр

04.06.2005 09:00, шаҳри Душанбе

4 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвонии Президенти Муғулистон Намбарин Энхбаяр барқияи табрикӣ ирсол дошт, ки дар он аз ҷумла омадааст:

"Барои ман мояи ифтихори бузург аст, ки ба Шумо, Аълоҳазрат, ба муносибати Президенти нави  Муғулистон интихоб шуданатон табрикоти самимонаро ирсол дорам.

Аз ин имконияти хуш истифода намуда, изҳор менамоям, ки мо тайёрем муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамкории барои ҷонибайн муфидро ба нафъи халқҳоямон ва ба манфиати сулҳу суботи байналмилалӣ ва минтақавӣ минбаъд ҳам рушду густариш диҳем.

Ба Шумо, Аълоҳазрат, ба фаъолиятатон дар мансаби олии давлатӣ тансиҳатию муваффақиятҳо  ва ба халқи дӯсти муғул беҳбудӣ, пешрафт ва шукуфоии минбаъда орзу менамоям".

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520