Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати кории Ҷумҳурии Мардумии Чин

03.06.2005 14:00, шаҳри Душанбе

3 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати кории Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба ҳузур пазируфт

Дар мулоқот аз инкишофи муносиботи  дуҷониба, афзоиши гардиши мол ва равнақи робитаҳои иқтисодию тиҷоратии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ин натиҷаи талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тзин Тао мебошад, тазаккур дода шуд дар вохӯрӣ.

Ҷонибҳо ифтитоҳи роҳи автомобилгарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма ва баромад ба шоҳроҳи Қароқурум, инчунин тавсеаи хатсайри ҳавоии миёни ду мамлакатро омили муҳимми таҳкими муносиботи байни Тоҷикистону Чин маънидод намуданд.

Дар мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ баррасӣ шуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520