Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо муовини вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ризои Ардакониён

31.05.2005 18:00, шаҳри Душанбе

31 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ризои Ардакониёнро, ки барои ташриф ба мақсади ширкат дар Конфронси байналмилалии ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои сарҳадгузар ба Тоҷикистон омадааст, ба ҳузур пазируфт.

"Иштироки кишвари дӯсту бародарамон - Ҷумҳурии Исломии Эронро дар ин Конфронс мо чун шаҳодати пуштибонии кӯшишҳои худ дар бобати саҳмгузорӣ дар Даҳсолаи байналмилалии амалиёти "Об барои ҳаёт" ва доир кардани ин маърака меҳисобем",- гуфт дар мулоқот Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Тарафҳо қайд намуданд, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон пайваста густариш меёбанд ва ҳоло ба як омили муҳимми таҳкими сулҳу субот дар минтақа мубаддал шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳори қаноатмандӣ намуда, афзуд, ки ин муносибатҳо ояндаи хуб пайдо хоҳанд кард.

Пружаи стратегии муштараки мо ин бунёди нерӯгоҳи Сангтӯда-2 мебошад ва мо умедворем, ки ҷониби эронӣ барои амалӣ гаштани он икдомҳои мушаххас хоҳад андешид. Тавассути он мо метавонем ба ҳамсоягони худ имконоту захираҳои бузурги ҳамкориҳои миёни ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳангро бараъло нишон диҳем.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520