Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо муовини сарвазири Шоҳигарии Таиланд Суракиарта Сатиратай

31.05.2005 14:00, шаҳри Душанбе

31 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини сарвазири Шоҳигарии Таиланд Суракиарта Сатиратай мулоқот кард. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои вазъияти имрӯза ва нақшаҳои дурнамои равнақу ривоҷи муносибатҳои ҳарду кишвар муҳокима шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки Тоҷикистон ба рушди ҳамкорӣ бо Шоҳигарии Таиланд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, башардӯстона ва ғайра комилан манфиатдор мебошад.

Сардори давлати Тоҷикистон бо қаноатмандӣ изҳор намуд, ки равобити сиёсии ҳарду мамлакат торафт вусъат меёбад.

Мусоҳибон дар ин хусус ҳамфикр буданд, ки айни ҳол муайян кардани самтҳои асосии ҳамкорӣ ва ташаккули заминаи қонунии муносибатҳои дуҷониба зарур мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки тибқи нақша ин тадбирҳо ба равнақу ривоҷи минбаъдаи тиҷорат мусоидат мекунанд.

Президенти Тоҷикистон изҳори умед кард, ки мулоқоти ояндаи сарони ҳарду кишвар дар муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан муфиди онҳо марҳалаи сифатан нав мегардад.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои дигари дорои хусусиятҳои минтақавию байналхалқӣ муҳокима шуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520