Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо мудири минтақавии бюрои Барномаи рушди СММ дар мамлакатҳои Аврупои Шарқӣ ва ИДМ Калман Мижей

30.05.2005 14:00, шаҳри Душанбе

30 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мудири  минтақавии бюрои  Барномаи рушди СММ дар мамлакатҳои  Аврупои Шарқӣ ва ИДМ Калман Мижей мулоқот кард.

Эмомалӣ Раҳмон ба Калман Мижей барои саҳми калони Барномаи рушди СММ дар ташкил ва гузаронидани Конфронси байналмилалии ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои сарҳадгузар миннатдорӣ баён карда, изҳори боварӣ намуд, ки ин тадбири муҳим барои амалӣ сохтани  ҳадафу ғояҳои  Даҳсолаи  байналмилалии  амалиёти "Об барои ҳаёт" нақши калон хоҳад бозид.

Баъдан вазъияти имрӯза ва нақшаи ояндаи ҳамкории Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ муҳокима карда шуд.

"Тоҷикистон,- гуфт Эмомалӣ Раҳмон, - ба сатҳи ҳамкории худ бо Барномаи  рушди  СММ ҳамчун ҳамоҳангсози ҷидду ҷаҳдҳои доманадори Созмон дар мамлакат баҳои баланд медиҳад. Агар дар давраи  аввали ҳамкорӣ қонеъ гардондани талаботи Тоҷикистон бо кӯмакҳои хайрия аҳамияти зиёд дошта бошад, пас имрӯз ба иҷрои барномаҳои  иҷтимоию иқтисодӣ ва нақшаҳое диққати бештар дода мешавад, ки ҳадафи онҳо таъмини рушди босуботу дарозмӯҳлат мебошад

Мусоҳибон сипас аҳамияти  чунин барномаҳо, аз ҷумла барномаҳои "Рушди ҷамъиятҳо", "Идораи сарҳад", расонидани кӯмак ба иҷрои барномаи  безарар гардонидани минаҳо ва шабакаҳои миллии иттилоотӣ дар масъалаи хариду фурӯши  маводи  нашъаовар, афзун гардондани нерӯи  маркази  таҳқиқоти ҷиноят ва танзими омодасозии  кадрҳои ВКД-ро таъкид намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои густариш додани ҳамкорӣ дахл намуда, ба ҳамкорӣ дар чунин самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла ҷалби сармоя, амалӣ сохтани  нақшаҳо ва барномаҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ташкили ҷойҳои нави кор, сармоягузории хурд ва афзун гардондани  имкониятҳои  иқтисодии маҳалҳо, дастгирии кӯшишҳои  Тоҷикистон барои қабули  он ба узвияти  Созмони ҷаҳонии тиҷорат, муосидат ба амалӣ сохтани  барномаҳои  дорои  аҳамияти  минтақавӣ дар соҳаҳои  энергетика, нақлиёт, алоқа, экология, маориф ва тандурустӣ мароқ зоҳир  намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520