Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Хорватия ҷаноби Стип Месич

30.05.2005 16:00

30 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Хорватия ҷаноби Стип Месич ба муносибати иди миллии мамлакаташ барқияи таҳният ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла, гуфта мешавад:

"Иҷозат фармоед дар рӯзи таҷлили иди миллии мамлакататон Шумо ва тамоми халқи  Хорватияро бо ин воқеаи фархунда муборакбод намоям.

Аминам, ки ҳамкории байни ҳарду давлат баҳри  шукуфоии мамлакату халқҳоямон ривоҷ меёбад.

Иҷозат фармоед аз фурсат  истифода намуда, ба Шумо, Аълоҳазрат, тансиҳатӣ, саодату муваффақиятҳо ва ба халқи дӯсти хорват сулҳу беҳбудӣ орзу намоям".

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520