28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба муносибати Иди миллии ин мамлакат барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла, гуфта мешавад.
"Ба муносибати Иди миллии мамлакати Шумо табрикот ва орзуҳои беҳтарини худро бо қаноатмандии бузург ба Шумо ва ба ҳамаи халқи Ҷумҳурии Озарбойҷон ирсол медорам.
Аминам, ки дар натиҷаи саъю кӯшиши муштараки мо муносибатҳои дӯстонаи анъанавӣ ва ҳамкории барои ҷонибайн муфиди байни ҳарду мамлакату халқҳо боз ҳам густариш меёбанд.
Аз ин имконияти хуш истифода намуда, ба Шумо, муҳтарам Илҳом Ҳайдарович, тансиҳатии бардавом, саодату беҳбудӣ ва ба халқи дӯсти Озарбойҷон сулҳу шукуфоӣ орзу менамоям".