Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сарвазири шоҳигарии Таиланд Тхаксин Чиннават

24.05.2005 13:00, Корея

24 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири шоҳигарии Таиланд Тхаксин Чиннават мулоқоти тӯлонию пурмӯҳтаво анҷом дод.

Дар сӯҳбат масъалаҳои вобаста ба сафари нахустини расмии қарибулвуқӯъи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шоҳигарии Таиланд баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо масъулини ҳукуматҳоро вазифадор намуданд, ки барои таҳкими заминаҳои қарордодию ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷониба тамоми имкониятҳои мавҷудаи муносиботи иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникиро мавриди омӯзишу таҳлили амиқ қарор дода, лоиҳаи санадҳои ҳуқуқиро то оғози сафари расмии Сарвари давлати Тоҷикистон ба Таиланд омода созанд.

Шоҳигарии Таиланд дар Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ мавқеият дошта, бо мамолики Бирма, Лаос, Камбоҷа ва Малайзия ҳамсарҳад аст. Пойтахташ шаҳри Бангкок. Аҳолии Таиланд 58 миллиону 256 ҳазорро ташкил медиҳад. Забони расмӣ тайӣ буда, ҳамзамон забонҳои хитойӣ, англисӣ ва малайзӣ истифода мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки Таиланд аз кишварҳои соҳибтаҷрибаи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи  мухаддир мебошад. Мувофиқи талаботи қонунгузории ин кишвар нашъаҷаллобон ба қатл маҳкум карда мешаванд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520