21 май бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи "Ваҳдат"-и пойтахт ба ифтихори рӯзи ҷавонон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар маҷлис 1500 нафар ҷавонон аз тамоми манотиқи кишвар иштирок намуданд.
Вохӯрӣ бори дигар исбот намуд, ки ҷавонони имрӯза дар пешрафти зиндагӣ мавқеи баланд дошта, Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба мушкилоти ҷойдоштаи онҳо бетараф нестанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҷавонон суханронӣ намуда, барномаи стратегии фаъолияти ҷавонони кишварро дар солҳои минбаъда муайян кард ва хотиррасон намуд, ки ояндаи кишвар, пешрафт ва нумӯи он ба ҷавонон сахт алоқаманд буда, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос вазифаи имрӯзу фардо ба шумор меравад.
Қарсакзаниҳои пурҷӯшу хурӯши ҷавонон ба суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи самимияти онҳо буд. Самимӣ будани муносибати Президенти кишвар бо ҷавонон баъди маърӯза дар сӯҳбати ошкоро собит шуд.
Баъд аз маҷлиси тантанавӣ бо иштироки устодони санъат ва ҳофизони эстрадаи Тоҷикистон консерти идона барпо гардид.