Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев

18.05.2005 17:00, шаҳри Душанбе

18 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиевро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқоти хоса сарони ду кишвари ҳамсоя маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкориро дар бахшҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ баррасӣ намуданд.

Инкишофи ҳамкориҳои минтақавӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, - гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва илова кард, ки, -  дар муносиботи  мантиқан таърихии дуҷониба ҳанӯз имкониятҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ хеле зиёданд. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев доир ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар ҷодаи  истеҳсолу интиқоли нерӯи барқ, сохтмони роҳҳои автомобилгард, ташкили корхонаҳои муштараки  коркарди зироатҳои хоҷагии қишлоқ ва канданиҳои фоиданок, истеҳсоли  масолеҳи сохтмонӣ, инчунин рушди сайру саёҳат ҳамфикрии амиқ баён доштанд.

Дар вохӯрӣ ба як қатор масоили дорои характери минтақавию байналмилалӣ мароқ зоҳир карда шуд.

Сипас дар бӯстонсарои ҳукуматӣ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев мулоқоти васеи ҳайатҳои ҳукуматӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни музокироти тулонӣ таъкид гашт, ки гардиши мол миёни кишварҳо соли 2004 бештар аз 50 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нишондиҳандаи назаррас мебошад.

Тарафҳо ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи гидроэнергетика ва коммуникатсия боварибахш  арзёбӣ намуда, қайд карданд, ки ифтитоҳи хатти барқи миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон, тармиму таҷдид ва ба сатҳи ҷавобгӯи талаботи  байналмилалӣ расонидани роҳи автомобилгарди Душанбе - Ҷиргатол - Саритош аз дастовардҳои ба ҳар ду ҷониб афзалиятноки ҳамкорӣ хоҳад буд.

Ҳайатҳо аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки дар асоси талошу хоҳишҳои мардумони ҳар ду кишвар раванди робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ вусъати нав мегирад.

Дар мулоқот бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки ташкилу баргузории рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта,  далели  устувори рушди муносиботи дуҷониба аст.

Дар хатми мулоқот маросими  имзои Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон "Дар бораи ҷудо кардани қитъаҳои замини байниҳамдигарӣ" баргузор шуд. Ба Созишномаи мазкур Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ва иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев имзо гузоштанд.

Дар нишасти матбуотӣ барои намояндагони васоити ахбори оммаи дохил ва хориҷи кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев аз натиҷаи музокироти дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520