Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Шоҳи Норвегия аълоҳазрат Хоралд

17.05.2005 13:00, шаҳри Душанбе

17 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба унвони Шоҳи Норвегия аълоҳазрат Хоралд ба муносибати  Иди миллии мамлакаташ барқияи шодбош фиристод, ки дар он чунин гуфта мешавад:

"Хеле фараҳмандам, ки Шумо ва тамоми мардуми  бо мо дӯсти Норвегияро ба муносибати  Иди миллии  мамлакататон самимона  табрик менамоям.

Умедворам, ки муносибатҳо ва ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Шоҳигарии Норвегия дар оянда ҳам ба манфиати халқҳо ва мамлакатҳоямон бештар аз пештар густариш хоҳанд ёфт.

Дар ин рӯзи фараҳбахш ба Шумо саломатӣ, хушбахтӣ, барори кор ва ба халқи Норвегия сулҳу осоиш ва рӯзгори  осуда таманно дорам".

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520