Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар машқҳои фаврии ситодӣ барои пешгирӣ намудани ҷиноятҳои муташаккилона ва терроризм дар пойгоҳи низомии "Фахробод"

04.05.2005 14:00, ноҳияи Хуросон

4 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пойгоҳи низомии "Фахробод" дар машқҳои фаврии ситодӣ барои пешгирӣ намудани ҷиноятҳои муташаккилона ва терроризм иштирок намуд.

Дар оғоз аз рафти омодагӣ ба гузаронидани ин чорабинии муҳим ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Ҳумдин Шарифов гузориш дод.

Бо мақсади гузаронидани машқҳои фаврии ситодӣ барои пешгирӣ намудани  ҷиноятҳои муташаккилона ва терроризм аз ҷониби вазорати  корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  нақшаи махсуси амалиёт тартиб дода шуд, ки он аз 4 марҳила  иборат буд.

Мақсади доир намудани машқҳо, пеш аз ҳама омодагии ҳарбии кормандони  сохтори мазкур буда,  пешгирӣ намудани амалҳои номатлуби  ҷомеаи  башарӣ, аз қабили вайронкунии тартиботи ҷамъиятӣ мебошад. Дар гузаронидани он сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла раёсат ва шӯъбаҳои  вазорати корҳои дохилӣ,  раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, отряди таъиноти махсуси милитсия, полки дидбонгоҳию пайраҳадорӣ,  сарраёсати хадамоти оташнишонӣ ва қисмҳои низомии қӯшунҳои дохила иштирок намуданд.

Аз рӯи нақша барои гузаронидани машқҳои фаврии ситодӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои муташаккилона вақти муайян ҷудо гардида, дар ҷараёни машқҳои мазкур аз мошинаҳои махсуси ҳарбӣ, чархболҳои ҳарбӣ, автомат ва пулемётҳои  Калашников ва дигар лавозимоти низомӣ истифода карда шуд.

Дар рафти машқҳо бори дигар афсарону хизматчиён омодагии ҳарбии худро дар пешгирӣ намудани  ҳамагуна бетартибиҳо, ҷинояткориҳои муташаккилона исбот намуданд.

Сарвари давлат таъкид намуд, ки  ба хотири амнияти мамлакат, осоиштагии шаҳрвандон бояд ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ масъулияти ҷиддӣ дошта бошад. Манфиатҳои давлату  ҳукуматро аз манфиати хеш боло гузорад.

- Бояд ҳам афсарони қаторӣ ва ҳам ҳайати олирутба маҳорати ҷисмонӣ, омӯзиши хуби касбӣ, низомӣ, тайёрии ҳарбӣ ва интизоми қавӣ дошта бошанд, - зикр намуд Сарвари давлат ва афзуд, ки  танҳо дар ин сурат мо метавонем амнияти миллат ва давлатро таъмин намоем.

"Барои мо  истиқлолияти Тоҷикистон, тинҷию оромӣ, амнияти давлату миллати тоҷик муқаддас ва бузург аст", - таъкид намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бо ҳайати фармондеҳии сохторҳои қудратӣ, вазорату кумитаҳои дахлдори ҷумҳурӣ сӯҳбат ороста, диққати онҳоро ба роҳҳои афзалиятноки  тарбияи  ҳарбию ватандӯстии ҷавонон, масъалаи омӯзиши илм ва касб таъминоти моддии афсарон ҷалб намуд.

Таъкид гардид, ки  барои таъмини амнияти давлату миллат бояд ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоем ва ҳамаи шароити хизматиро барояшон муҳайё созем.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520