Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

03.05.2005 14:00, шаҳри Душанбе

3 май таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Баъди баррасии масъалаи кадрҳо, аъзои ҳукумат ба муҳокимаи масъалаи омодагии корхонаҳо, ташкилотҳои энергетикӣ, саноат, нақлиёт, алоқа, хоҷагии манзилию коммуналӣ, соҳаҳои дигари ҷумҳурӣ ва иншоотҳои соҳаи иҷтимоӣ барои фаъолияти мӯътадил дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2005 - 2006 шурӯъ намуданд. Дар ин бора вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Солиев гузориш дод.

Ҳамзамон дар маҷлис тағйироту иловаҳо ба якчанд қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавриди муҳокима қарор гирифта, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуданд.

Гузориши вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ба масъалаи таҳияи саривақтии лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006 ва нишондиҳандаҳои дурнамои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007 - 2008 бахшида шуд.

Маҷлиси Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки  барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъсис дода шаванд, ки омили муҳимми дастгирию ҳавасмандии созандагони фардои мамлакат мебошад.

Аъзои Ҳукумат дар бораи тасдиқи Барномаи давлатӣ оид ба парвариш, ҷамъоварӣ, коркарди гиёҳҳои  шифобахш ва тайёр намудани доруворӣ аз онҳо барои солҳои 2005 - 2014 ва тасдиқи Стратегияи маблағгузории соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2005-2015 қарори дахлдор қабул намуданд.

Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади беҳдошти сифати хизматрасонӣ, дар назди вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии танзими алоқа  ва барои ҳифзи табиии муассисаи давлатии  Пажӯҳишгоҳи ҳифз ва карантини растаниҳои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъсис дода хоҳад шуд. Дар бораи вусъати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Дар бораи тухмипарварӣ" тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешаванд. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияи  илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муваззаф шуданд, ки доир ба натиҷаи фаъолияти муассисаҳои илмии соҳаи растанӣ ва тухмипарварӣ дар солҳои охир ба Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот диҳанд, зеро дар ин соҳа камбудиҳо зиёд буда, боиси пастравии ҳосилнокӣ ва кам гардидани истеҳсоли зироатҳои кишоварзӣ шуда истодааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар хатми маҷлис ба масъулин ҷиҳати дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, омодагӣ ба таҷлили 15-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 2700 солагии шаҳри Кӯлоб дастуру супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520