Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Мурдумии Чин Ху Ҷинтао

22.04.2005 11:00, Индонезия

Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Ҷумҳурии Мурдумии Чин Ху Ҷинтао аз раванди муваффақонаи робитаҳои дуҷонибаи бисёрсамта изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Сатҳи  баланди муносибатҳои дӯстона ва неки ҳамсоягӣ  аз он шаҳодат медиҳад, ки марҳила ба марҳила татбиқи устувории созишномаҳои байниҳукуматӣ натиҷаҳои пурсамар медиҳанд. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мурдумии Чин Ху Ҷинтао дар ҷараёни сӯҳбати дӯстонаву самимӣ ва тулонӣ ба як қатор масъалаҳои дорои характери минтақавию байналмилалӣ мароқ зоҳир намуда, дар масоили вобаста ба таҳкими амнияту суботи устувор ва барҳам задани омилҳои ёрирасони молиявии гурӯҳҳои тахрибкор ҳамфикр буданд.

Бо назардошти зарурати рушди заминаҳои қарордодию ҳуқуқӣ вазоратҳои корҳои хориҷии ҳарду кишвар баҳри омодасозии сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардиданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520