Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Парвиз Мушарраф низ хеле пурмӯҳтавою тулонӣ буд.
Сарони ду кишвари дӯст дар бораи раванди ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодию тиҷоратӣ, татбиқи амалӣ ва бобарори созишномаҳои қаблан баимзорасида, инчунин лоиҳаҳои муштараки бунёди роҳҳо ва хатти интиқоли нерӯи барқ тавассути дараи Вахон аз Тоҷикистон ба Покистон табодули назар намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Парвиз Мушарраф ба хулосае омаданд, ки баҳри омӯзиши боз ҳам амиқтари заминаҳои наву мусоиди ҳамкорӣ фаъолияти комиссияи байниҳукуматиро такон бахшидан зарур аст.