Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм

15.04.2005 15:00, шаҳри Душанбе

15 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм иштирок ва суханронӣ намуд.

Иҷлосия таҳти раёсати узви кӯҳансоли Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ба кори худ оғоз кард.

Дар иҷлосия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, сараввал ба ҳамаи аъзои Маҷлиси миллии даъвати гузашта, ки ваколаташон ба охир расидааст, барои саҳми сазоворашон дар фаъолияти самарабахши Маҷлиси Олӣ миннатдорӣ баён намуд ва ба муносибати аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб ва таъин шуданашон ҳайати нави Маҷлиси миллиро табрику муборакбод гуфт ва  изҳори умед кард, ки онҳо бо таҳияи  санадҳои муҳимми ҳуқуқӣ дар пешрафти  ҳаёти иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат нақши муассир хоҳанд гузошт.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки таъсис ёфтани парламенти думаҷлиса дар сохтори давлатдории мо дигаргунии бунёдӣ мебошад ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ имрӯз ба яке аз рукнҳои боэътимоди мақоми қонунгузории кишварамон табдил ёфтааст. Зеро мутобиқи Конститутсия аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ карда шудани қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагон кафолати муҳимми қабули қонунҳои мукаммал, босифат ва ҷавобгӯ ба манфиати мардум мебошад.

Аъзои Маҷлиси миллӣ дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ буда, метавонанд ҳангоми таҳия ва қабули қонунҳо саҳми арзанда дошта бошанд. Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки бо истифода аз ин ҳуқуқи худ аъзои Маҷлиси миллии даъвати гузашта як силсила лоиҳаҳои қонунҳои муҳимро пешниҳод намуданд, ки онҳо тибқи тартиби муқарраршуда ба сифати қонун қабул гардиданд.

Нақш ва мавқеи Маҷлиси миллиро дар таъсис, тағйир ва барҳам додани воҳидҳои марзиву маъмурӣ Сарвари давлат муайянкунанда арзёбӣ намуд, зеро татбиқи ин салоҳиятро Конститутсияи Тоҷикистон танҳо ба зиммаи Маҷлиси миллӣ вогузор намудааст. Тибқи ин меъёр барқарор кардани номҳои таърихии баъзе вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва абадӣ гардонидани номи шахсиятҳои маъруфи миллати кӯҳанбунёди мо, ки омили муҳимми таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори миллӣ ва ватанпарастии наслҳои имрӯзу ояндаи Ватанамон мебошад, сурат гирифт.

Дар баробари ин, - таъкид намуд Сарвари давлат.- ҳамкорӣ бо интихобкунандагон, яъне вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ самти афзалиятноки фаъолияти ҳар кадом аъзои Маҷлиси миллӣ бояд бошад, чунки вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ шахсони боэътибор ва аз ҷониби интихобкунандагон эътирофшуда мебошанд ва вохӯриву баррасӣ намудани масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа бо онҳо танҳо ба манфиати кор ва мардуми кишвар хоҳад гашт.

Аз ин рӯ, Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки робитаи аъзои Маҷлиси миллӣ бо вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ дар шароити имрӯза бояд воқеан тағйир ёфта, ба сатҳи зарурӣ бароварда шавад.

- "Маҷлиси миллии даъвати гузашта, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон, - бо дарки аҳамияти ба ҳам наздик намудани қонунҳои амалкунандаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди давлатҳои Аврупову Осиё, ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди экстремизм, терроризм, одамфурӯшӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккилона корҳои назаррасро ба субут расонид".

Дар ин замина ҳамкориҳои парламенти Тоҷикистон бо парламентҳои кишварҳои Россия, Аврупову Амрико ва Осиё, ки дар густариши парламентаризм нақши муҳимро дорост, хеле фаъол гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки аз иҷрои самарабахши вазифаҳо ва ҳалли масъалаҳои зикршуда, ки ба зиммаи аъзои Маҷлиси миллӣ вогузор аст, густариши иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои шаҳрвандони кишварамон вобаста мебошад.

Дар охир Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори  умедворӣ намуд, ки барои ба мақсадҳои зикршуда расидан аъзои Маҷлиси миллӣ тавассути иштироки фаъолона, ташаббуси қонунгузорӣ ва аз мавқеи шаҳрвандии худ таҳия ва қабул намудани қонунҳои дорои сифату моҳияти баланд дар кори парламенти мамлакатамон саҳми арзанда мегузоранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520