Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯҳбати телефонӣ бо Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев

07.04.2005 18:00, шаҳри Душанбе

7 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иҷрокунандаи вазифаи Президент, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев телефонӣ сӯҳбат кард. Сӯҳбати телефонӣ бо ташаббуси Қурмонбек Боқиев сурат гирифт.

Дар ҷараёни сӯҳбат вазъи сиёсии Қирғизистон, вазъияти имрӯза ва нақшаҳои дурнамои  муносибатҳои ҳарду кишвар муҳокима шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мавқеи  қотеонаи мамлакати моро дар бобати воқеаҳои рӯзҳои охир дар Қирғизистон рухдода таъкид кард. Вай таваҷҷӯҳи ҳамсӯҳбаташро пеш аз ҳама ба хусусияти дохилии ин рӯйдодҳо ҷалб намуд.

- Мо умедворем, ки ҳамаи  қувваҳои сиёсии Қирғизистон иродаи қавӣ ва ақлу хиради солимро зоҳир намуда, роҳи сабру таҳаммулро пеш мегиранд ва ба густариши ҳамкорӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар натиҷа вазъи  бӯҳронии Қирғизистон бомуваффақият бартараф карда хоҳад шуд, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлати Тоҷикистон бори дигар сиёсати қотеъона ва тағйирнопазири давлати моро дар мавриди равнақу ривоҷи муносибатҳои мутақобилан муфид ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон зикр намуд. Қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр аст, дар мавриди зарурат ба Қирғизистон кӯмак расонад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520