4 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Муншии давлатии Ватикан Кардинал Анчело Содано барқияи ҳамдардӣ фиристод, ки дар он гуфта мешавад:
"Мардуми тоҷик аз хабари вафоти Ускуфи Аъзами Рим Иоанн Павели дуюм сахт андӯҳгин гардид.
Ин ҷаҳонро шахсе тарк намуд, ки як марҳалаи томи таърихи инсоният ба номи ӯ вобаста буд. Ҳаёт ва тамоми фаъолияти Ускуфи Аъзам намунаи хизмати фидокорона ва беғаразона ба ғояҳои олии сулҳ ва инсондӯстӣ мебошад. Вай ҷидду ҷаҳд ва андешаҳои худро барои ваҳдати тамоми инсоният равона карда, дар сафи одамони машҳуртарини ҷаҳон ҷой гирифт. Тамоми халқҳои сайёра ва пайравони ҳамаи дину мазҳабҳо хирад ва вафодории ӯро ба вазифа ва ҳадафҳои худ сидқан эҳтиром мекунанд.
Дар ин рӯзҳои пур аз ғаму андуҳ ҳамдардии худро ба Маснади муқаддас ва тамоми сокинони сайёра баён менамоям".