Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар тантанаҳои Наврӯзи умумиҷумҳуриявӣ дар шаҳри Ваҳдат

21.03.2005 15:00, шаҳри Ваҳдат

21 март  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат дар Наврӯзи умумиҷумҳуриявӣ ширкат варзид.

Сарвари давлат дар шаҳри Ваҳдат баргузор шудани тантанаҳои наврӯзиро боз як далели таҳкими ваҳдату ҳамбасатагии саросарӣ номид.

"Мо ин иқдомро дар оянда низ идома хоҳем дод ва ҳар сол дар яке аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо иштироки меҳмонон аз ҳама манотиқи кишвар ҷашнҳои идонаи наврӯзӣ созмон дода мешавад" -, таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ифодаи эҳтиром ба собиқадорони меҳнат ба хонаи истиқоматии яке аз кӯҳанзанони шаҳри Ваҳдат Бибигул Асоева, ки тамоми умр дар ҳаёти иқтисодию сиёсии шаҳр саҳм мегузорад, ташриф овард.

Миёни Сарвари давлат ва ин зани соҳибмаърифат сӯҳбати озоду самимии фарогири мушкилоту пешравиҳои имрӯзи ҳаёти ҷомеа ҷараён гирифт.

Дар хатми ҷамъомади тантанавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба созмондиҳандагони барномаи идона изҳори сипос кард.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520