Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори рӯзи байналмилалии занон - 8-март

07.03.2005 13:00, шаҳри Душанбе

7 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар толори хурди "Кохи Ваҳдат" дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори рӯзи байналмилалии занон - 8-март иштирок намуд.

Дар он зумрае аз занону духтарони фаъолу шинохтаи мамлакат, ки дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ бо меҳнати шоиста сазовори эҳтиром гардидаанд, даъват шуда буданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба нақши занону духтарони ғайратпешаи кишвар дар таҳкими пояҳои давлатдории навини Тоҷикистон баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба ин нерӯҳои муқтадири иҷтимоӣ баҳри фароҳам овардани шароитҳои мусоиди фаъолияту фароғати онҳо, баланд бардоштани мақому эътибори зан дар ҷомеа тадбирҳои амиқ меандешад.

Сипас миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли ҷамъомад сӯҳбати озоду ошкоро ва самимӣ ҷараён гирифт.

Дар ҷараёни сӯҳбат ба муҳимтарин масъалаҳои ҷомеа, аз қабили эҳёи анъанаҳои неки ниёгон, танзими расму ойинҳои мардумӣ, тарбияи фарзандони солиму дорои  тафаккури наву созанда, тайёр намудани кадрҳои соҳибмаърифат аз ҳисоби занону духтарони оқилу ташаббускор, инчунин нияту нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди боз ҳам баланд бардоштани мавқеи занону духтарони мамлакат мароқ зоҳир гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520