5 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахт дар ҳашари умумихалқии ниҳолшинонӣ иштирок намуд.
Маҳалли асосии ҳашар майдони назди Қасри Миллат, ки сохтмони он босуръат идома дорад, қарор гирифт. Субҳи барвақт кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони баъзе вазорату идораҳои ҷумҳурӣ бо ифтихору сарфарозӣ аз иштироку саҳмгирӣ дар ободонию сохтмони ин иншооти бузург дар ин ҷо бештар аз панҷ ҳазор бех ниҳолҳои сарву санавбар, арча, ёси ҳиндӣ, шоҳбулути роғӣ ва чалғӯзаи ҳимолоӣ шинонданд.