Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

28.02.2005 18:00, шаҳри Душанбе

28 феврал таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлис нахуст масъалаи вазъи муносибот бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ  ва ҳолатҳои воқеии ҳуҷҷати Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ баррасӣ гардид. Дар ин бора мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба сиёсати иқтисодӣ Файзулло Холбобоев ҳисобот дод.

Аъзои Ҳукумат баъди тасдиқи Барномаи давлатии рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда барои солҳои 2005 - 2015 ва барномаи ягонаи бисёрсолаи омори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005 - 2009 дар бораи масъалаҳои дастгирии давлатии рушди туризми экологӣ, кӯҳӣ-варзишӣ ва кӯҳнавардӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдор қабул намуданд.

Дар маҷлиси ҳукумат қоидаҳои таъини нафақаҳо барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба муқаррар намудани  нафақа барои хизматҳои  махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаи ҳисоби музди меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманд мебошанд, инчунин қоидаи  ташкили низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзонии шаҳрвандони бекор тасдиқ ва қабул гардиданд.

Баъди муҳокима меъёрҳои миёнаи андоз аз замин тасдиқ гардид. Ҳамзамон як қатор созишномаҳо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ баррасӣ шуданд.

- Бо мақсади инъикоси воқеият ва таъмини шаффофияти фаъолияти аъзои Ҳукумат, инчунин истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷети давлатӣ ва қарзу кӯмакҳои беруна ҳар се моҳ як маротиба роҳбарони аввали вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ бо намояндагони  воситаҳои ахбори омма нишастҳои матбуотӣ доир созанд, - таъкид кард Сарвари давлат.

Сарвари давлат дар хатми маҷлис бобати оғози мавсими кишту кори баҳорӣ, интихоби тухмиҳои хушсифат, таъмини маводи сӯхт, нуриҳои минералӣ, бо мақсади дастгирии кишоварзон дароз намудани мӯҳлати пардохти қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор, вусъати раванди ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҷои шаклҳои кӯҳнаи пешбурди соҳаи кишоварзӣ, пардохти маошу нафақа, дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани иди байналмилалии занон 8-март, тантанаҳои наврӯзӣ, омодагӣ ба Истиқболи 15-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар масоили мубрами ҳаёти ҷомеа ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520