Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммадди Хотамӣ

11.02.2005 09:00, шаҳри Душанбе

11 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммадди Хотамӣ бинобар солгарди Инқилоби Исломии кишвараш барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он омадааст:

Шумо ва мардуми бародари Эронро бо ҷашни миллӣ - солгарди Инқилоби Исломӣ аз номи худ ва тамоми мардуми Тоҷикистон самимона табрик менамоям.

Тағйирот ва таҳаввулоти хеле ҷолибе, ки солҳои охир дар муносиботи дӯстонаи Тоҷикистон ва Эрон рух доданд, далели равшани саъю эҳтимом ва кӯшишҳои муштараки роҳбарият ва мардумони мо барои эҳё ва рушди равобити ҳасана байни ду кишвар дар тамоми сатҳҳо ва заминаҳост.

Ҷумҳурии Тоҷикистон   ҷонибдори густариш ва тавсеаи ин равобити дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг мебошад. Аминам, ки ҳамкории бунёдии оғозшуда ба нафъи ҳарду кишвар ва амнияту суботи минтақа рушди пайгир ва рӯзафзун хоҳад ёфт.

Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил, пирӯзиву муваффақият ва ба мардуми дӯсти Эрон хушрӯзӣ ва саодат таманно дорам.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520