Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз нахустин Сафири Фавқулодда ва Мухтори Мексика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Анжел Луиз Ортиз Монастерио Кастелланос

02.02.2005 10:00, шаҳри Душанбе

2 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин Сафири Фавқулодда ва Мухтори Мексика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Анжел Луиз Ортиз Монастерио Кастелланос эътимоднома қабул кард.

Дар мулоқоти самимӣ ва созанда, ки баъди анҷоми маросими эътимодномасупорӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дипломати Мексика ҷараён гирифт, маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ, ба хусус, робитаҳои тиҷоратию иқтисодии дуҷониба баррасӣ шуданд.

Сафири Мексика фарорасии марҳилаи бобарори эътимоднок ва мусоиди сармоягузориро ба иқтисодиёти Тоҷикистон натиҷаи сиёсати ҷавобгӯи талаботи давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва талошҳои шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карда, афзуд, ки барои дарёфти роҳҳои афзалиятноки ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираҳои соҳибкории мамлакат ҳамаҷониба талош хоҳад кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520