Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо раиси ширкати "РусАл" Олег Дерипаска

01.02.2005 16:00, шаҳри Душанбе

1 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси ширкати "РусАл" Олег Дерипаскаро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот, ки бо фарогирии муҳимтарин масъалаҳои ҳамкорӣ, ба хусус, сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии Роғун ҷараён гирифт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғози ин тадбири стратегиро, ки аз натиҷаи созишномаҳои аснои нахустин сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2004 баимзорасида бармеояд,  рӯйдоди таърихӣ арзёбӣ кард.

Дар мулоқот ҳамзамон узви Шӯрои байналмилалии директорони "РусАл" ҷаноби Натанэл Ротшалд ва раиси ширкати коркарди тиллои Баррик аз Канада, ки бо "РусАл" ҳамкории қавӣ доранд, иштирок доштанд.

Дар сӯҳбат бо Сарвари давлати Тоҷикистон меҳмонон аз фазои эътимодноки ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии ҳамаҷонибаи худро бобати саҳмгузорӣ дар мавриди азхудкунии захираҳои энергетикӣ, канданиҳои фоиданок, металҳои қимматбаҳо, ташкили корхонаҳои муштараки коркарди тилло ва нуқра дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд.

Мавриди зикр аст, ки ширкати "РусАл" ба қатори се ширкати муқтадири ҷаҳонӣ оид ба истеҳсоли  алюминий ворид шуда, 75 дарсади алюминии Россия ва 10 дарсади ҳаҷми умумии алюминии ҷаҳонро истеҳсол менамояд.

Баъди анҷоми вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмонон бо қаноатмандӣ аз натиҷаи сӯҳбат изҳор доштанд, ки баҳри татбиқи амалии қарордодҳои ҳамкорӣ талоши амиқ ба харҷ хоҳанд дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520