Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

29.01.2005 18:00, шаҳри Душанбе

29 январ таҳти Раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Рӯзномаи корӣ бо як масъала: "Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2004 ва вазифаҳо барои соли 2005" тасдиқ гардид.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов доир ба ин масъала ҳисобот дод. Сарвазири кишвар аз дастовардҳои беназири ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла,  имзои созишномаҳои стратегии ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқию обии "Сангтӯда - 1", "Сангтӯда - 2", "Роғун" ва як қатор корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ, пурра ҳал гардидани қарзи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Федератсияи Россия ва дар маҷмӯъ ба маблағи 320 миллион доллари Амрико кам шудани қарзи берунии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, ин пешравиҳоро натиҷаи сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ кард.

Сарвари давлат зимни муҳокимаи  ҳисоботи роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ аз иҷрои нокифояи барномаҳои давлатӣ, раванди сусти ислоҳоти иқтисодӣ, омилҳои халалрасони татбиқи амалии фармону амрҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзоиши қарзи хоҷагиҳо, кирдорҳои ғайриқонунии кормандони муассисаҳои маориф ва тандурустӣ изҳори нигаронӣ кард.

Дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ авҷи ришвахӯрӣ мушоҳида мешавад, ки оқибати ногувор дорад, зеро он ба ташаккули тафаккури  наву созандаи хурдсолон таъсири манфӣ мерасонад.

Зикр гардид, ки тайи солҳои охир таҳлил ва назорати нишондиҳандаҳои сифатии фаъолияти субъектҳои  хоҷагидорӣ, аз ҷумла кам намудани арзиши аслии маҳсулот ва таъмини даромаднокӣ аз мадди назар дур мондааст.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, раиси шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ доир ба пешрафту мушкилот ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои мавҷуда ҳисобот доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омилҳои асосии иҷро нашудани нақшаҳои солонаи баъзе соҳаҳои иқтисодию саноатӣ ва кишоварзиро бо далелҳои асосноку мушаххас таҳлил ва ошкор намуд.

Сарвари давлат изҳор дошт, ки нишондодҳои Барномаи рушди иқтисодӣ барои соли 2005, ки афзоиши  маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар он ба андозаи 8 фоиз ва меъёри таваррум ба андозаи  6 фоиз, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ  7 миллиарду 100 миллион сомонӣ нишон дошта шудааст, бояд  амалӣ гарданд.

Ба Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ҳолати воқеии андозсупории соҳибкорони  инфиродиеро, ки аз рӯи  шаҳодатнома фаъолият доранд, таҳлил намуда, оид ба такмили андозбандии онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таклиф пешниҳод кунад. Инчунин таҳияи  меъёри аксизҳо барои молҳои дар Кодекси андоз муқарраршударо амалӣ гардонда, механизми самараноки баргардонидани  андози арзиши иловашударо барои субъектҳои содиркунандаи мол пешниҳод намояд.

Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар кардани сифати маҳсулоти саноатӣ, кам кардани арзиши аслӣ ва омӯзиши бозори фурӯши он, таҷҳизонидани иқтидорҳои истеҳсолӣ бо технологияи муосир муваззаф гардид.

Ба Вазорати  энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки барои саривақт амалӣ гардонидани лоиҳаҳои  инвеститсионии оид ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқии обии "Сангтӯда-1",  "Сангтӯда-2" ва "Роғун" басташуда чораҳои мушаххас андешад, ҳамзамон бо ҷалби  сармоя сохтмони хати барқи Ҷануб-Шимолро ҳарчи зудтар ба итмом расонад.

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бобати  таҳияи пешниҳод оид ба коркарди ниҳоӣ ва содироти маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва воридоти техникаю  таҷҳизоти муосир, таъсиси Институти муҳофизати  растанӣ дар ҳайати Академияи илмҳои кишоварзӣ вазифадор гардид.

Ба Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд,  ки инвентаризатсияи  хоҷагиҳои аз обёрии мошинӣ, пойгоҳҳо ва дастгоҳҳои  обкашӣ истифодабарандаро анҷом дода, ҳисобот диҳад.

Кумитаи давлатии заминсозӣ бобати таҳияи кадастри  нави заминҳои ҷумҳурӣ, Кумитаи давлатии сохтмон ва меъморӣ бошад, ҷиҳати  ба  роҳ мондани  фаъолият дар асоси талаботи иқтисоди бозорӣ супориш гирифтанд.

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри вусъати сохтмони тунели "Анзоб", таҷдиди навбати аввали шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Ваҳдат-Нуробод-Ҷиргатол-Ош, пайдо кардани инвеститсия барои таҷдиди роҳҳои автомобилгарди Душанбе- Хуҷанд, Хуҷанд-Айнӣ-Панҷакент, Душанбе-Ваҳдат ва Қӯрғонтеппа- Панҷ дастур гирифт.

Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шуд, ки лоиҳаи Барномаи мӯътадилсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи почтаро таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунад.

Ба Вазорати тандурустӣ   супориш дода шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сифату самаранокии хизматрасонии тиббию санитарӣ, ба низом даровардани фаъолияти муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, такмили ихтисосу омӯзиши асосҳои идоракунӣ, ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда, татбиқи барномаҳои қабулгардида ва рушди минбаъдаи соҳа чораҳои зарурӣ андешад.

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  вазифадор гардид, ки барои анҷоми ислоҳоти соҳа ва воридшавии системаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ба системаи таҳсилоти олии касбии ҷаҳонӣ - тайёр кардани бакалавр, магистр, доктор ва барои ба санадҳои ҳуқуқии меъёрии соҳаи маориф ворид намудани тағйироту иловаҳои дахлдор  пешниҳодҳои худро ба Ҳукумат манзур созад.

Вазорати фарҳанг бошад, тибқи супориш лоиҳаи Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисосро дар соҳаҳои фарҳанг, санъат, табъу нашр таҳия ва ба Ҳукумат  пешниҳод месозад.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бемасъулиятию ноӯҳдабароӣ як қатор роҳбарони ноҳияҳо, муассисаҳои саноатию бонкӣ аз вазифа озод карда шуданд.

Ҳамчунин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси умумии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш масъалаи аз вазифаи Президенти Академияи илмҳо бозхонд намудани Улмас Мирсаидов ва ба баррасии Маҷлиси умумии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо сабаби ба нафақа баромаданаш масъалаи аз вазифаи Президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ бозхонд намудани  Бобо Сангиновро  пешниҳод кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520