Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Владимир Рушайло

25.01.2005 16:00, шаҳри Душанбе

25 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Владимир Рушайлоро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот атрофи муҳимтарин масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкили  ситоди ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  табодули назар сурат гирифт.

Таъмини интихоботи шаффофу демократӣ ва бо иштироки ҳамаи ҳизбҳои сиёсии амалкунанда дар маркази диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, - таъкид намуд Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон.

Барои ҳамаи намояндагони расмии васоити ахбори оммаи маҳаллӣ ва хориҷӣ ҳуқуқи назорати бемонеаи ҷараёни интихобот дода шудааст.

Дар ҳар як 41 ҳавзаи интихоботӣ 10 нафарӣ нозирони байналхалқӣ ва то даҳ нафарӣ нозирони маҳаллӣ иштирок хоҳанд кард.

Ҷонибҳо ифтитоҳи ситоди ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар шаҳри Душанбе омили муҳимми  ҷавобгӯи талаботи имрӯзи ҷомеа номиданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Владимир Рушайло иштироки озодонаи шаш ҳизби сиёсиро дар интихоботи Парламенти касбӣ ва доимоамалкунандаи Тоҷикистон ифодаи устувори рушди равандҳои демократикунонии ҷомеа ва дастоварди назарраси сиёсати дурусту ваҳдатасоси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ кард.

Сӯҳбат дар фазои самимию созанда ҷараён гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520