Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Белгия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Даниел дел Мармола

20.01.2005 15:00, шаҳри Душанбе

20 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчунин аз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Белгия  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Даниел дел Мармола эътимоднома қабул кард. Сипас дар ҷараёни сӯҳбати муфассал бо сафир маҷмӯи масъалаҳои марбут ба муносибатҳо ва ҳамкории ҳарду мамлакат муҳокима шуданд.

"Мо ният дорем, ки муносибатҳои худро бо Белгия бо назардошти тамоюли мусбати муттаҳид сохтани  ҷидду ҷаҳди ҷомеаи  ҷаҳон дар мубориза ба муқобили таҳдидҳои замони ҳозира бештар аз пештар равнақу ривоҷ диҳем", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон  ва афзуд, ки тағйироти мусбати  сиёсии дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба вуқуъомада барои густариш додани ҳамкорӣ имкониятҳои сифатан нав муҳайё месозанд.

Зикр шуд, ки маблағи хариду фурӯши  мол дар байни Тоҷикистон ва Белгия тӯли 11 моҳи  соли гузашта бештар аз 8 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод.

Ҳарду ҷониб зикр карданд, ки чунин вазъият ғайриқаноатбахш мебошад. Таъкид карда шуд, ки  захираҳои фаровони  сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон ва иқтидорҳои калони истеҳсоли он, ки айни ҳол аз онҳо истифода бурда намешавад, дар мавриди корбасти  имкониятҳои  калони илмию техникии Белгия ба ҳамкории самарабахш ва мутақобилан муфид заминаи хуб гузошта метавонад.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои дигари  дорои хусусияти  минтақавӣ ва байналмилалӣ низ муҳокима шуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520