Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Юнон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Димитрос Параскевопулос

19.01.2005 10:00, шаҳри Душанбе

19 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири  Фавқулодда ва Мухтори Юнон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Димитрос Параскевопулос эътимоднома қабул кард.

Баъди маросими қабули эътимоднома дар ҷараёни сӯҳбат маҷмӯи масъалаҳои  марбут ба ҳамкории Тоҷикистону Юнон муҳокима шуданд.

- Мамлакатҳои мо барои ҳамкорӣ захираю имкониятҳои калон доранд. Ин ба онҳо барои боз ҳам бештар ривоҷ додани  муносибатҳои  мутақобилан муфиди  тиҷоратию иқтисодӣ шароити  мусоид муҳайё месозад, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Маблағи хариду фурӯши мол дар байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Юнон дар давоми 11 моҳи соли  гузашта бештар аз 6 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба солҳои гузашта хеле зиёд мебошад. Мусоҳибон густариш додани чунин тамоюли мусбатро тарафдорӣ намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки захираи фаровони сарватҳои табиии Тоҷикистон ва иқтидорҳои истеҳсолии мавҷудаи он, ки мутаассифона, мавриди баҳрабардорӣ қарор нагирифтаанд, бо истифодаи имкониятҳои бузурги  илмию техникии Юнон барои ҳамкории мутақобилан муфиди ҳар ду кишвар заминаи мусоид гузошта метавонад.

Сафири нави Юнон баъди мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сӯҳбат бо хабарнигорон зикр кард, ки Юнон ҳамчун узви Иттиҳоди Аврупо муносибатҳои дуҷонибаро  бо Тоҷикистон густариш дода, ба равнақу ривоҷи ҳамкории он бо Иттиҳоди Аврупо, СММ ва тамоми мамлакатҳои ҷаҳон мусоидат мекунад.

- Мо бо Президент Эмомалӣ Раҳмон масъалаи омода сохтани силсилаи ҳуҷҷатҳоро баррасӣ кардем, ки дар оянда имзо карда мешаванд. Умед аст, ки онҳо ба ободӣ ва пешрафти мамлакатҳоямон мусоидат хоҳанд кард, - гуфт сафир.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520