Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ахмет Алтай Ченгизэр

18.01.2005 15:30, шаҳри Душанбе

Рӯзи 18 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ахмет Алтай Ченгизэр эътимоднома қабул кард.

Дар ҷараёни сӯҳбати пурмӯҳтавои тӯлонӣ, ки баъди маросими  эътимодномасупорӣ баргузор шуд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарафдори ҳарчи бештар нумӯъ ёфтани муносибатҳо бо Туркия - шарики дерина ва муҳимми худ мебошад.

Дар вохӯрӣ маҷмӯи васеи масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Туркия, инчунин муҳимтарин масоили байналмилалӣ баррасӣ шуданд.

Тазаккур дода шуд, ки терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир хатарҳои асосии таҳдидкунанда ба амнияти минтақавию ҷаҳонӣ мебошанд. - "Мо ҷонибдори қатъии таҳкими эътилофи зиддитеррористӣ, мукаммалсозии механизмҳои фаъолияти он ва таъсиси шарикии глобалии зидди маводи мухаддир мебошем", - афзуд Эмомалӣ Раҳмон.

Бо ҷонибдорӣ аз ин андешаҳо сафири нави Туркия саҳми шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими амнияту суботи минтақа ва ҷаҳон муассиру омӯзанда арзёбӣ кард ва илова намуд, ки роҳбарияти  воломақоми кишвараш низ ба мавқеи сулҳпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд медиҳад.

Сӯҳбат дар фазои самимию созанда ҷараён гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520