Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Муғулистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамдинжавин Дашнам

18.01.2005 14:30, шаҳри Душанбе

18 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Муғулистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамдинжавин Дашнам эътимоднома қабул кард.

Баъди маросими эътимодномасупорӣ дар ҷараёни мулоқот қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон азми қавӣ дорад ба равнақу ривоҷи муносибатҳои доманадор ва мутақобилан муфид бо Муғулистон кӯшиш ба харҷ диҳад. Зикр карда шуд, ки барои сифатан беҳтар намудани  муносибатҳо ва ҳамкории ҳарду кишвар шароиту имкониятҳои фаровон бисёранд.

Мусоҳибон дар ин хусус ҳамфикр буданд, ки айни ҳол ҷиҳати ба роҳ андохтани  ҳамкории мутақобилан муфиди тиҷоратию иқтисодии ҳарду кишвар вақти мувофиқ фаро расидааст. Баъди танаффуси нисбатан тӯлонӣ аз соли 2004 сар карда, ҳаҷми хариду фурӯши  мол дар байни Тоҷикистону Муғулистон тадриҷан меафзояд.

- "Дар назди  мамлакатҳои  минтақа вазифаҳое гузошта шудаанд, ки барои иҷрои онҳо ҷидду ҷаҳди якҷоя, муштарак ва дастаҷамъӣ зарур аст, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон, - ин пеш аз ҳама мубориза ба муқобили терроризм, моҷароҷӯӣ, хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашаъаовар мебошад. Бо ин мақсад бояд роҳу усули ҳамгироӣ ва таъмини сулҳу суботи минтақа  муқаррар карда шавад".

Сафири Муғулистон баъди мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигорон гуфт, ки ояндаи наздик таҳияи силсилаи ҳуҷҷатҳои муҳим анҷом меёбад. Ин ҳуҷҷатҳо барои боз ҳам бештар ривоҷ додани муносибатҳо, ҳамкорӣ ва мустаҳкам  намудани  муносибатҳои  анъанавии ҳар ду кишвар заминаи хуб мегузоранд. Ҳуҷҷатҳои мазкурро сарони давлатҳои ҳарду кишвар  имзо хоҳанд кард.

Сафир зикр кард, ки Тоҷикистону Муғулистон барои равнақу ривоҷи ҳамкорӣ, хусусан дар соҳаҳои  саноат, истихроҷи маъдан, чорводорӣ ва ҷалби сармоя имкониятҳои калон доранд. Вай изҳори умед кард, ки тоҷирону соҳибкорони ҳарду мамлакат боз ҳам бештар ҳамкорӣ карда, барои обод сохтани кишварҳояшон ва мустаҳкам намудани дӯстии халқҳои онҳо саҳми арзанда мегузоранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520