Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Раиси Созмони озодибахши Фаластин Маҳмуди Аббос

12.01.2005 08:00, шаҳри Душанбе

12 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба унвони Раиси Созмони озодибахши Фаластин Маҳмуди Аббос барқияи шодбош фиристод, ки дар он омадааст:

"Ҷаноби Аълоҳазрат, Шуморо ба муносибати ба мансаби олии Президенти давлати Фаластин  интихоб шуданатон табрик менамоям. Ғалабаи қотеъонаи Шумо дар интихобот ҷидду ҷаҳди  халқи Фаластинро дар бораи мустақилона муайян кардани тақдири худ дар доираи  давлати мустақили миллӣ, ки Шумо тамоми умр барои он мубориза мебурдед, инъикос менамояд. Аминам, ки фаъолияти минбаъдаи Шумо  барои амалӣ сохтани ин ҳадафи наҷиб сафарбар карда мешавад. Шодравон Президент Ёсир Арафот ҳаёти худро барои ба даст овардани ҳамин ҳадаф бахшида буд. Умед аст, ки кӯшишҳои хастагинопазири Шумо барои истиқрори сулҳи босубот дар Шарқи Наздик бо назардошти  ҳуқуқу манфиатҳои қонунии халқи Фаластин ояндаи наздик натиҷаи дилхоҳ медиҳанд. Мо ба ин самимона манфиатдорем.

Ҷаноби Президент, лутфан иҷозат диҳед, ба Шумо саломатию барори кор ва ба халқи бо мо дӯсти Фаластин сулҳу ободӣ ва шукуфоӣ орзу намоям".

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520