Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Украина Виктор Юшенко

10.01.2005 14:00, шаҳри Душанбе

10 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Украина Виктор Юшенко барқияи шодбош фиристод, ки дар он гуфта мешавад:

"Шуморо бо камоли қаноатмандӣ ба муносибати ба мансаби олии Сардори давлати Украинаи ба мо дӯст интихоб шуданатон самимона табрик менамоям.

Тоҷикистону Украинаро  риштаҳои мустаҳками дӯстӣ ва ҳамкории самарабахш ба ҳамдигар мепайванданд. Умед аст, ки ба шарофати Президенти Украина  интихоб гардидани Шумо муносибатҳои мамлакатҳоямон бештар аз пештар густариш меёбанд.

Тоҷикистон ба вусъати  минбаъдаи ҳамкории мутақобилан муфид бо Украина манфиатдор аст. Бовар дорам, ки мо бо ҷидду ҷаҳди муштаракамон аз имкониятҳои бузурги ҳамкорӣ бо мақсади боз ҳам бештар обод гардидани  мамлакатҳоямон ва некӯаҳволии халқҳои  онҳо истифода бурда метавонем.

Ба Шумо Виктор Андреевич, саломатии бардавом ва дар вазифаи  пурмасъулиятатон барору комёбӣ орзу менамоям".

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520