Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ
Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Иззатулло Сатторӣ 24 декабри соли 1957 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1978 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси духтури тибби ветеринарӣ хатм кардааст. Доктори илмҳои ветеринарӣ, профессор, академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мебошад.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1978 ба ҳайси ассистенти кафедраи зоогигиена ва асосҳои ветеринарии факултаи ветеринарии Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон оғоз намуда, минбаъд ҳамчун аспиранти Институти ветеринарии шаҳри Москва, корманди хурди илмӣ, корманди калони илмӣ, корманди пешбари илмӣ ва мудири лабораторияи вирусологияи Институти ветеринарии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 1994-2005 Директори Институти ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз соли 2005 то соли 2013 дар мансаби ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур фаъолият намудааст.

Солҳои 2013-2016 дар вазифаи Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Барои хизматҳои шоён бо ордени Шараф сарфароз гардидааст.

Муаллифи зиёда аз 210 асарҳои илмӣ ва 18 ихтироот мебошад.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2016 Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520