Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар чорабиниҳои идонаи “Корвони Наврӯзӣ” ва “Сайри гули лола” дар шаҳри Хуҷанд

26.03.2016 14:00, шаҳри Хуҷанд

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Авестои шаҳри Хуҷанд дар чорабиниҳои идонаи “Корвони Наврӯзӣ” ва “Сайри гули лола” иштирок ва суханронӣ кард.

Барои истиқболу мулоқот бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар макони баргузории ин чорабинии бошукуҳ, ки ба таври идона оро дода шудааст, зиёда аз 10 ҳазор нафар ҷамъ омада буданд.

Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди иштирокчиёни базми бошукӯҳи наврӯзӣ суханронӣ карда, ҳозирин ва дар шахси онҳо тамоми сокинони вилоятро бо фарорасии баҳори фархундапай ва наврӯзи ҷаҳонӣ табрику таҳният намуд.

Сарвари давлат бо ёдаварӣ аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ таъкид дошт, ки «Дар рӯзи шашуми Наврӯз, ки онро гузаштагони мо «Наврӯзи бузург» унвон намудаанд, мардум маросими муҳташаме ороста, бо ҳамдигар шодиву хурсандӣ мекарданд.

Зеро ба эътиқоди ниёгони мо рӯзи шашуми таҷлили Наврӯз рӯзи тақсими саодат ва хушбахтӣ будааст ва ба ин хотир одамон ҳама якҷо ба наврӯзгоҳҳо баромада, бо номи “Корвони наврӯзӣ” ҷашне меоростаанд, то тамоми сол ба кишвар хуррамиву хушрӯзӣ ва ба хонадони мардум бахту иқбол ҳамроҳ бошад.

Ба таъкиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон “Эҳёи ин суннати арзишманд аз ҷониби сокинони вилояти Суғд баёнгари ҷаҳонӣ шудани ин ҷашни миллии мо буда, дар рӯзи Наврӯз иқдоми воқеан нек ба шумор меравад”.

Сипас баъди анҷоми суханронии пурмӯҳтавои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барномаи рангини фарҳангӣ оғоз гардид”.

Таҳиягарони барномаи идонаи наврӯзӣ маҳалли баргузории тадбири фарҳангиро бо рамзҳои хоси ҷашн, расму анъана ва суннатҳои наврӯзӣ оро доданд.

Барномаи фарҳангии “Корвони Наврӯзӣ” бо садои карнаю сурнай, бо намоиши театрикунонидашудаи «Наврӯз муборак» оғоз гардид.

Аз рафти чорабинӣ маълум гардид, ки таҳиягарон бо дарназардошти тамоми анъанаҳои ин ҷашн ва риояи дигар хусусиятҳои хос барномаро таҳия кардаанд, зеро мушоҳида мешуд, ки ҳар як баромади устодони санъат ва ҳаваскорон таҷассумгари шукуҳу шаҳомати наврӯзи аҷдодӣ буд.

Суннатҳои неки наврӯзӣ, ки дар ҳама минтақаҳои кишвар ба онҳо арҷ гузошта мешавад, дар ин чорабинӣ таҷассуми худро ёфта буд. Ин чорабинӣ бори дигар собит кард, ки мардуми Тоҷикистон расму оинҳои бостониро гиромӣ медоранд ва онро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд.

Нарврӯзи Хатлону Бадахшон, Рашту Зарафшон ва Ҳисор бо хусусиятҳои хосаш ба иштирокдорони ин чорабинии бузургӣ фарҳангӣ намоиш дода шуд.

Рақсу бозӣ, иҷрои сурудҳои халқӣ, намоиши омода кардани таомҳои миллии хоси наврӯз ва ғайра аз бахшҳои асосии ин намоиш буданд, ки ба ҳозирин хеле писанд омад.

Таъкид мешавад, ки Корвони Наврӯзӣ, ки имрӯз дар шаҳри бостонии Хуҷанд пас аз солиёни зиёд дубора эҳё гардид, дар вуҷуди худ беҳтарин суннатҳои Наврӯзи бузурги ниёгони моро таҷассум намудаву ҳамон ойинҳои қадимаро ба сурати нав, хосса бо мутобиқ гардонидан ба падидаҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дубора зинда гардонидааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки бо шакли нав ва муҳтавои дигар баргузор кардани “Корвони наврӯзӣ” дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд ба мардум ва меҳмонони ҷамъомада шодиву нишоти нав бахшид, ки сарчашмаи асосии он сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар буда, чунин иқдом, бешубҳа, ба афзун гардидани файзу баракат мусоидат хоҳад кард.

Намоиши асбобҳои миллии мусиқӣ, карнаю сурнайнавозӣ, баромади дорбозчиён ва дигар бозиҳои анъанавӣ дар барномаи идонаи “Корвони Наврӯзӣ” ҷой дода шуда буд.

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таҳиягарону ҳунармандон барои ташкили ин чорабинии сатҳи баланд арзи сипос намуда, таъкид дошт, ки дар таърихи нави Тоҷикистон ин аввалин “Корвони наврӯзӣ” аст, ки бо шукӯҳу шаҳомати хоса сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520