Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Кохи фарҳанг дар Боғи ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар ноҳияи Ашт

25.03.2016 11:02, ноҳияи Ашт

Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бинои нави Кохи фарҳангро ба истифода дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтироми хос ва бо нишони пуштибонӣ аз сиёсати созандаи ҳукумати кишвар гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Зимни шиносоӣ аз иншооти нави фарҳангӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки сохтмони Кохи фарҳанги ноҳия моҳи марти соли 2014 аз ҷониби Идораи сохтмони асосии вилоят оғоз гардида, маблағи умумии сохтмони бино ба 12 миллион сомонӣ баробар мебошад.

 Кохи фарҳанг 2 - ошёна буда, аз толори асосӣ бо 800 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, толорҳои хурди машқӣ, толори маҷлис ва таҳхона иборат мебошад. Бино бо истифода аз санъати меъмории миллӣ ороиш дода шуда, намои асосии он аз 18 сутун ва дарҳои кандакорӣ иборат аст. Пештоқи болои бино бо мусаввараҳои гуногун ва шифту деворҳои толори асосӣ бо истифода аз гаҷкорию кандакорӣ хеле зебою назаррабо сохта шудааст.

Дар саҳни ҳавлии Кохи фарҳанг ду фаввора бо чароғҳои ранга ҷойгир карда шуда, гирду атрофи майдон ва ҳудуди боғи фарҳангии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо дарахтон, гулу гулбуттаҳо ва таҷҳизоти муосири равшанидиҳӣ ороиш дода шудааст.

Дар Кохи фарҳанги ноҳия, ки акнун макони баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ мегардад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён ва устоҳои гулкор баҳои баланд дод.

Дар толори барҳавои Кохи навбунёди фарҳанг, ки бо нақшу нигори миллӣ, санъати зебои меъморӣ ва қандилҳои равшан хеле зебо сохта шудааст, ҳаваскорони ноҳияи Ашт ва гурӯҳи занони хонанишини ҳунарманд як барномаи рангини консертиро пешкаши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонон карданд.

Пас аз тамошои барнома Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи баланди ҳунарнамоии ҳаваскорон, баҳри таҳия ва пешкаш кардани консерти хубу хотирнишин, баҳои арзанда дод.

Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари бонувони  хонанишин, ки ягон шароити мусоиди эҷоди рақсу барномаҳои ҳунарӣ надоранд ва бисёр бомаҳорат баромад карданд, аҳсану офарин хонд.

Сарвари давлат ба кормандони Кохи фарҳанги ноҳияи Ашт 1 адад пианино, 25 адад асбобҳои гуногуни мусиқӣ ва дастгоҳи тақвияти овоз тақдим кард.

Президенти мамлакат ба роҳбарияти вилоят супориш дод, ки барои ба Театри мусиқӣ - драммавӣ табдил додани Кохи фарҳанг боз 60 воҳиди корӣ ҷудо намуда, тадбирҳо андешанд.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон акнун аҳли ҳунар метавонанд бо истифода аз ин толори хуштарҳу зебо барномаҳои ҷолиб омода ва пешкаши ҳаводорони санъати асил намоянд. Сарвари давлат устодони санъатро ба тарбияи шогирдон, дарёфти истеъдодҳои нав ва ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ ҳидоят кард.

Дар саҳни ҳавлии Кохи фарҳанг Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли фарҳанг ва дигар сокинони ноҳия, ки барои истиқболи Пешвои миллат ва сӯҳбат бо Сарвари хеш ҷамъ омада буданд, мулоқоти самимӣ орост.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли ҷамоатчигии ноҳия барои истиқболи гарм ва ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат изҳори сипос кард. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бунёду ба истифодадиҳии иншоотҳои таъиноти гуногун, муҳайё кардани шароити мусоиди кору зиндагӣ ва истироҳатро қадршиносии Ҳукумати кишвар нисбат ба мардуми бофарҳанг ва меҳнатқарини ноҳия маънидод намуд.

Зимни баромади худ сокинони ноҳия ба Пешвои ғамхори хеш Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи талошҳову ташаббусҳои созанда сипосгузорӣ карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520