Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи мактаби нави таҳсилоти умумӣ дар деҳаи Хиштхонаи ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт

25.03.2016 09:49, ноҳияи Ашт

Рӯзи сеюми сафари корӣ ба вилояти Суғд дар деҳаи Хиштхона, ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13, ба номи Камоли Хуҷандиро ҳамчун армуғони наврӯзӣ расман ифтитоҳ бахшид.

Сокинон, устодону хонандагон ва намояндагони аҳли ҷомеа, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо меҳру муҳаббат ва самимияти афзун истиқбол гирифтанд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки арзиши умумии корҳои сохтмоонӣ ва таҷҳизонидани мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13, ба номи Камоли Хуҷандӣ наздики 6 миллион сомониро ташкил медиҳад. Бинои асосии мактаб аз 3 ошёна, 18 синфхона, се ҳуҷраи корӣ ва китобхона иборат аст. Дар бинои асосӣ, ки бо лавозимоту таҷҳизоти муосири мактабӣ муҷаҳҳаз аст, барои таҳсили 540 хонанда шароити арзанда фароҳам омадааст. Дар мактаб ошхона бо 60 ҷойи нишаст ва синфхонаҳои таълимию омӯзишии анъанаҳои рӯзгордорӣ, аз ҷумла пухтани нону таомҳои миллӣ бунёд ёфтааст. Дар паҳлуи бинои асосӣ толори варзишӣ бо масоҳати меъёрӣ бо беш аз 220 ҷойи нишаст сохта, бо ашёи замонавӣ муҷаҳҳаз карда шудааст, ки аз имкониятхои хуб барои рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ мебошад.

Корҳои сохтмонӣ моҳи апрели соли 2014 аз рӯи лоиҳаи Ҷамъияти «Суғдшаҳрофар» бо фармоиши идораи сохтмони асосии вилояти Сугд оғоз ёфта, аз ҷониби ширкати сохтмонии «Парвина»-и ноҳияи Ашт дар муҳлати пешбинишуда сохта шудааст.

Сохта ба истифода додани биною иншооти мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13, ба номи Камоли Хуҷандӣ дар деҳаи Хиштхонаи ноҳияи Ашт боиси хушнудии сокинон гардид.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба дастаи ҳаваскорони мактаб 1 адад пианино, асбобҳои дигари мусиқӣ, 3 мошинаи дарздӯзӣ, ду тахтаи электронии синфӣ ва барои таъсиси боз як синфхонаи компютерӣ компютерҳои муосир тақди намуд.

Баъди шиносоӣ бо шароити таълим дар саҳни ҳавлии мактаб Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳия, омӯзгорону хонандагон мулоқот доир кард.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат ин бинои замонавиро туҳфаи арзанда ба ифтихори ҷашни наврӯзи фархунда номида, таъкид дошт, ки бунёди чунин бинои замонавӣ идомаи босуръати сохтмону навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии иншооти соҳаи маориф барои дар шароити муосиру арзанда таҳсил намудани насли ояндасози Ватан ва кору фаъолияти босамари кормандони соҳа мебошад.

Намояндагони аҳли деҳаи Хиштхона, собиқадорони соҳа, муаллимону хонандагон ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама барои дар кишвар барқарору поянда намудани сулҳу ваҳдат, ки асоси чунин пешрафту ҳаёти орому осоишта аст, барои ин тӯҳфаи гаронарзиш барои таҳсилу таълими фарзандон арзи сипоси бепоён намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520