Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхонаи коркарди нафти «Нафтрасон» дар ҷамоати деҳоти Пӯлодони шаҳри Конибодом

24.03.2016 11:50, шаҳри Конибодом

Ҳар як сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ё он минтақаи ҷумҳурӣ пайки шодию нишот ва оғози корҳои ободонию созандагист.

Дар шаҳри Конибодом сокинон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

Дар ин рӯз Пешвои миллат, дар ҳудуди шаҳри Конибодом ба фаъолияти боз як корхонаи азими саноатӣ, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Нафтрасон, ки нахустин корхонаи коркарди ниҳоии нафт мебошад, расман оғоз бахшид.

Арзиши лоиҳавии корхона 3,5 миллион доллари амрикоӣ буда, он дар ҳамкории соҳибкорони ватанӣ бо сармоягузорони хориҷӣ бунёд шудааст.

Пешбурди кори истеҳсолӣ дар ин нуқтаи пуриқтидори тавлиди маҳсулоти нафтӣ аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ бо кордонии соҳибкори ватанӣ Носир Усмонов роҳандозӣ мегардад.

Зимни шиносоӣ бо иқтидор ва имконоти кори Президенти мамлакат нахуст ба низоми фаъолият ва сифатнокии тавлиди маҳсулоти ниҳоӣ аз нафт мароқ зоҳир намуда, барои ҷорӣ кардани технологияи ҳозиразамони тавлиди маҳсулот маслиҳатҳои муфид дод.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки айни ҳол иқтидори истеҳсолии коркарди солонаи корхона 70 ҳазор тонна нафти хом буда, ҳамасола ба маблағи 70 миллион сомонӣ маҳсулоти тайёр истеҳсол хоҳад кард.

Бо фаъол шудани ин корхонаи наву пуриқтидори истеҳсолӣ наздики 80 ҷойи корӣ муҳайё мегардад. Сокинони маҳаллӣ бо омӯзиш ва аз худкунии нозукии кор ба шуғл фаро гирифта шудаанд, ки ҳар моҳ ба ҳисоби миёна 2 ҳазор сомонӣ маош мегиранд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Нафтрасон ба истеҳсоли сӯзишворӣ - бензин, маҳсулоти дизелӣ, гази моеъ ва мазут машғул мегардад.

Тавре иттилоъ дода шуд, таъминоти ашёи хоми корхона асосан аз хориҷа, махсусан аз Ҷумҳурии Қазоқистон сурат гирифта, дар марҳилаи аввал 500 тонна нафти хом 3 марти соли 2016 барои коркарди таҷрибавӣ ворид гардида буд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520