Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари расмӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб

16.03.2016 16:20, Аморати Муттаҳидаи Араб

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Абу Забӣ - пойтахти Амороти Муттаҳидаи Араб шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Валиаҳди Абу Забӣ, муовини Сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи Амороти Муттаҳидаи Араб, Волоҳазрат Шайх Муҳаммад бин Зойид Олӣ Наҳён пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуд.

Сипас Фармондеҳи Горди фахрӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод.

Баъди гузориши фармондеҳи горди фахрӣ сурудҳои миллии ҳар ду кишвар садо дод.

Ба ифтихори меҳмони олимақом тибқи муқаррароти истиқболи расмӣ аз тупхонаҳо шиллик паронда шуд.

Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Валиаҳди Абу Забӣ бо ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар шинос шуданд. Нахуст ба Валиаҳди Абу Забӣ ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати расмии Амороти Муттаҳидаи Араб шинос шуд.

Бо ҳамин маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520