Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАЙЗУЛЛОЗОДА Шараф Ҷаббор
Сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАЙЗУЛЛОЗОДА Шараф Ҷаббор, 29 январи соли 1966 дар шаҳри Душанбе дар оилаи хизматчии давлатӣ таваллуд шудааст. Солҳои 1973-1983 дар Мактаби миёнаи №1 ба номи Тарас Григоревич Шевченкои ноҳияи Восеи вилояти Кӯлоб таҳсил намудааст.

Баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи олии сарҳадӣ, ҳарбӣ-сиёсӣ Орденҳои Ситораи Сурх ва Байрақи Сурх доштаи Кумитаи бехатарии давлатии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Советии Сотсиалистӣ дар шаҳри Москва дохил шуда, онро соли 1987  хатм намудааст.  Дар вақти таҳсил, таҷрибаомӯзии махсуси сарҳадиро дар отрядҳои сарҳадии Благовешенск ва Сковородинои Округи сарҳадии  Ордени Байрақи Сурх доштаи Шарқи Дур ва отряди сарҳадии Ленкорани Округи сарҳадии Ордени Байрақи Сурх доштаи Пасиқавқозии (Закавказья) Кумитаи бехатарии давлатии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Советии Сотсиалистӣ гузаштааст.

Солҳои 1987 – 1990 дар вазифаҳои  гуногун дар отрядҳои сарҳадии Хоруғ ва Ишкошими Округи сарҳадии Осиёи Миёнаи Ордени Байрақи Сурх доштаи Кумитаи бехатарии давлатии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Советии Сотсиалистӣ  хизмат кардааст.  Дар вақти адои хизмат дар Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи бехатарии давлатии Иттифоқи советӣ супоришҳои махсусро дар Республикаи демократии Афғонистон иҷро кардааст.

Аз соли 1990 то соли 2006-ум дар вазифаҳои гуногун аз корманди оперативӣ то сардори раёсати мақомоти амният хизмат намудааст. Аз он ҷумла, солҳои 2000-2003 дар вазифаи сардори Раёсати аппарати марказии Вазорати амният ва солҳои 2003-2006 дар вазифаи сардори Раёсати Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фаъолият намудааст.

Аз моҳи январи соли 2006 то моҳи декабри соли 2006 дар вазифаи муовини Раиси Кумитаи давлатии ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба разведка, аз моҳи декабри соли 2006 то моҳи июни соли  2014 дар вазифаи муовини аввали сардори Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ - сардори Сарситоди қӯшунҳои сарҳадии  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва аз моҳи июни соли 2014 то моҳи марти соли 2015 дар вазифаи сардори Раёсати аппарати марказии КДАМ ҶТ кор кардааст.

Солҳои 1995-1997 дар вазифаи витсе-консули Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Толуқони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон кор кардааст. Дорандаи рутбаи ҳарбии генерал-майор мебошад.

Аз моҳи марти соли 2015 то ин ҷониб дар вазифаи сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда истодааст.

Дар вақти адои хизмат ба Ордени Ситораи Сурх, медали Ҷасорат, 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст.

Аъзои ягон ҳизби сиёсӣ нест.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520