Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паём ба ифтихори Рӯзи модар

07.03.2016 17:00, шаҳри Душанбе

Модарону хоҳарони арҷманд!
Фарзандони азиз!

Ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи модарон, ки дар оғози фасли зебои баҳор ва дар арафаи соли нави аҷдодӣ фаро мерасад, тамоми модарону бонувони гиромӣ ва духтарони азизи мамлакатро самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву саодати рӯзгор орзу менамоям.

Ба оғози эҳёи табиат – фасли рӯидани сабза, шукуфтани гулҳо ва ҷомаи сабзи баҳорӣ ба тан кардани дашту саҳрои сарзамини зебоямон рост омадани Рӯзи модар рамзи басо неку хуҷаста мебошад.

Чунки агар баҳор оғози эҳёи табиат ва зиндагӣ, ибтидои нақшаву ниятҳо ва ташаббусу иқдомоти тоза, омодагӣ ба киштукор ва оғози нави корҳои ободониву созандагӣ бошад, модар худ оғозгари зиндагӣ ва бахшандаи ҳаёт мебошад.

Аз ин рӯ, мо модарро ҳамчун мавҷуди муқаддас дӯст медорем, мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми ӯро ҳамеша пос медорем.

Модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс буда, фарзанди худро бузургворона ва бо дилсӯзиву бахшоиш ҳамеша дастгиру пуштибон аст, ба хотири роҳату осоиши фарзандаш шабу рӯз заҳмат мекашад ва намегузорад, ки нури чашмони ӯ ба ранҷу озоре гирифтор гардад, бардаму солим ба камол расад, соҳиби одобу маърифат шавад, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзад ва дар оянда барои ҷомеа хизмати сазовору шоиста анҷом диҳад.

Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти нақши барҷастаи занон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, дар доираи имкон дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ зоҳир менамояд ва ибтикороти созандаашонро доим дастгирӣ карда, барои амалӣ шудани онҳо ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Мо дар доираи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани вазъи занон, ҳифзи ҳуқуқии оила ва модару кӯдак, ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди оила ва сиёсати демографӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои занону духтарон ва муҳимтар аз ҳама, ҳарчи бештар ба раванди идораи давлат ҷалб намудани онҳо, яъне баланд бардоштани нақши иҷтимоии бонувону духтарон ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодаем ва бо итминон изҳор медорам, ки чунин сиёсатро минбаъд низ идома хоҳем дод.

Натиҷаи чунин ғамхориву дастгирии давлат ва Ҳукумат аст, ки ҳоло Тоҷикистон бино ба эътирофи коршиносон аз лиҳози шумораи намояндагони бонувону духтарон дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад.

Мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки имрӯз бонуи тоҷик роҳбари кордон, муҳаққиқи донишманд, табиби ҳозиқ, соҳибкори муваффақ ва албатта, тарбиятгару омӯзгори меҳрубон аст.

Модарону хоҳарони азиз!

Тавре ки медонед, соли гузашта дар кишвари мо Соли оила эълон гардида буд, ки дар доираи он як силсила тадбирҳои судманд амалӣ карда шуданд.

Ҳадаф аз эълон шудани соли оила баланд бардоштани маърифати хонаводагӣ, устувор гардонидани мавқеи оила дар ҷомеа, тақвият бахшидани масъулияти волидайн дар самти таълиму тарбияи фарзанд, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва муносибати хубу ғамхорона дар хонавода, эҳтироми падару модар ва умуман калонсолон, инчунин ҳифзи оила ҳамчун арзиши ниҳоят гаронбаҳои фарҳанги миллиамон буд.

Боиси қаноатмандист, ки шумо модарону бонувони азиз, ҳамчун нерӯи равшанибахши хонадон, мураббии нахустини фарзандон ва нигаҳдорандаи сафои зиндагӣ хеле корҳои шоистаро ба анҷом расонида, ҳамеша барои ҳифзи гармиву баракати хонавода ва мустаҳкам гардидани оила саъю талош мекунед.

Бовар дорам, ки шумо минбаъд низ ин рисолати муқаддаси худро бо сабру таҳаммули хоси занону модарони тоҷик иҷро карда, барои боз ҳам  баланд бардоштани нақшу мақоми бонувону духтарон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа, инчунин дар пешрафту ободии кишвари маҳбубамон саҳми арзишманд мегузоред.

Нақш ва таъсири шумо, модарони азиз, дар амри тарбияи фарзандон, хусусан духтарони худ дар рӯҳияи сабру таҳаммул, эҳтироми суннату анъанаҳои неки миллӣ, аз ҷумла нигоҳ доштани иззату ҳурмати калонсолон ва сарфаю сариштакорӣ, ба роҳи дурусти ҳаёт ва барпо намудани оилаи солиму устувор ҳидоят кардани онҳо бузург ва ҳалкунанда мебошад.

Зеро миллати соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик дар тӯли асрҳои зиёд дар бобати ташкили оила ва муносибатҳои оилавӣ таҷриба ва анъанаҳоеро эҷод кардааст, ки онҳо барои наслҳои имрӯзу фардо чун ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ва ҳаёти иҷтимоӣ мактаби беҳтарини зиндагӣ ба шумор мераванд.

   Вобаста ба ин, мехоҳам бори дигар хотирнишон созам, ки тарбияи фарзанд, дар навбати аввал, вазифаи муқаддаси оила, ҳар як падару модар ва баъдан мактабу ҷомеа мебошад.

Агар падару модарон фарзандро дуруст тарбия кунанд, фарзандон  дар ҳаёт, албатта, хушбахт мешаванд, бо роҳи дуруст мераванд ва боғи падару модар мегарданд.

Дар навбати худ фарзандон вазифадоранд, ки эҳтироми волидайни хешро ба ҷо оранд, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати падару модар расанд ва онҳоро дар даврони пиронсоливу беморӣ парасторӣ кунанд.

Модарону бонувони гиромӣ!

Ҷаҳони муосир беш аз ҳар давраи дигар ҳассосу мураккаб гардида, имрӯз ифротгароӣ ва терроризм ба як зуҳуроти ниҳоят ташвишовар ва зиёда аз ин, ба вабои аср мубаддал ёфтаанд.

Ин раванди хатарнок масъулияти модарону бонувонро боз ҳам зиёдтар карда, аз онҳо зиракӣ, ҳушёрӣ, назорати доимии фарзандон ва ба тарбияи онҳо ҷиддӣ машғул шуданро тақозо менамояд.

Бахусус, модарони азиз метавонанд ва вазифадоранд, ки бо насиҳат ва эҳсоси муҳаббати модаронаи худ наврасону ҷавононро аз гаравидан ба гурӯҳу созмонҳои ифротиву террористӣ эмин доранд, ба онҳо сабақи дурусти ҳаётӣ диҳанд ва нагузоранд, ки фарзанди бо ҳазор ранҷу заҳмат парваридаи онҳо бадкирдору бадбахт шавад.

Зеро ба ҷуз модар каси дигар аз дили фарзанд огоҳ нест ва фарзанд низ модарро беҳтарин ва нахустин муаллими ҳаётии худ медонад.

Ҳамчунин, мехоҳам ёдовар шавам, ки ҷашни шумо, занону модарони арҷманд, дар рӯзҳои омодагӣ ба ҷашни бисёр муборак ва азизи мардуми мо – Наврӯзи хуҷастапай таҷлил мегардад.

Ва тавре ки медонед, мардуми мо аз қадим ҳамчун миллати ободгару покизарӯзгор дар остонаи ин ҷашни бузург хонаву кошона, сару либос, асбобу ашёи рӯзгор, кӯчаву хиёбон ва маҳаллу гузари худро тозаву озода мекард, боғу гулгаштҳоро ба тартиб меовард, гулу ниҳол мешинонд ва Наврӯзи оламафрӯзро бо дили саршор аз меҳру муҳаббат ва хонаву дари покиза истиқбол мегирифт.

Итминон дорам, ки модарону бонувони арҷманди мо чунин суннатҳои деринаи миллиамонро дар оянда низ идомаи нек бахшида, дар амри ободии Ватани азизамон, оромии ҷомеаи кишварамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон нақши пурарзиш мегузоранд.

Бо ҳамин умеду орзуҳои нек, шумо, модарону бонувони арҷмандро бори дигар ба муносибати ҷашни фархундаатон табрик гуфта, ба ҳар кадоматон тандурустиву саодатмандӣ, дар хонадонатон сулҳу оромӣ, осмони беғубор, бахту иқболи нек ва рӯзгори ободу осуда орзумандам.

Ҷашн муборак бошад, модарон ва бонувони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520