Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Намояндаи махсус оид ба мубориза бо терроризм ва масъалаҳои амниятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чен Гопин

29.02.2016 12:06, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин Намояндаи махсус оид ба мубориза бо терроризм ва масъалаҳои амниятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чен Гопинро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот масоили густариши ҳамкориҳои  амниятии Тоҷикистону Чин баррасӣ гардиданд.

 “Мо кишвари Шуморо ҳамчун шарики боэътимод ва ҳамсояи наку медонем, ки ҳамаҷониба Тоҷикистонро ҷиҳати рушди бахшҳои муҳими ҷомеа ва таъмини амният ҷонибдорӣ менамояд” таъкид дошт дар оғози мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо изҳори умед карданд, ки бо ҳамгироии муштарак ва бо такя ба муносибатҳои таърихии ҳусни накуи ҳамҷаворӣ метавонанд амнияту суботро дар ду кишвар ва минтақа нигоҳ доранд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба вазъи мураккаби сиёсӣ дар Афғонистон ва эҳёи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ин кишвари ҳамсоя табодули афкор намуданд.

Дар мулоқот инчунин оид ба дигар мавзуъҳои барои ҳарду ҷониб судманд гуфтугӯй сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520