Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо узви Шӯрои марказии ҳарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин, сардори ситоди муттаҳидаи Артиши халқии озодибахши Чин Фан Фэнхоэй

29.02.2016 10:19, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви Шӯрои марказии ҳарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин, сардори ситоди муттаҳидаи Артиши халқии озодибахши Чин Фан Фэнхоэйро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот масоили рушду густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин баррасӣ гардиданд.

 “Масъалаи таҳкими муносибатҳо дар соҳаи ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Чин, дар маҷмуъ бахши амниятӣ мавзуъи муҳими ҳамкориҳои кишварҳои мо мебошад” таъкид намуд дар оғози мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои давлатҳо, ки характери стратегию шарикӣ доранд, қаноатмандӣ намуда, изҳори умед карданд, ки бо талошҳои пайваста он ба таври бемайлон рушд мекунад.

Дар мулоқот оид ба ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Чин дар самти тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси низомии тоҷик, иҷрои созишномаҳои қаблан қабулшуда табодули андеша сурат гирифта, саҳми кишвари ҳамсоя баҳри таъмини амният дар сарҳади давлати мо бо Афғонистон, муборизаи дастаҷамъона бо се хатари мудҳиш - терроризм, экстремизм ва сепаратизмро муҳимму назаррас маънидод карданд.

Таъкид гардид, ки дар вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон  ва таҳдиду хатарҳои дигар мо бояд ҳамаҷониба омода бошем.

Ҷонибҳо зимни суҳбати самимӣ, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт, инчунин оид ба дигар масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, мавзуъҳои доғи минтақаву ҷаҳон ва дарёфти роҳҳои ҳалли он гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520