Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бунёди боғи ба номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар ноҳияи Хуросон

23.02.2016 13:47, ноҳияи Хуросон

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи Фахрободи ноҳияи Хуросон ташриф овард. Сарвари давлат бо ҳолати боғу токзори намунавӣ шинос шуда, дар маъракаи ҳашари умумӣ барои бунёди боғи ба номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат дар майдони 160 гектар иштирок кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро сокинони ноҳия ва фаъолони вилояти Хатлон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Нахуст Сарвари давлат пеш аз оғози маъракаи ниҳолшинонӣ дар намоишгоҳи дастовардҳои меҳнаткашони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо маҳсули дастранҷи аҳли заҳмат шинос шуд.

Дар ин ҷо аз ҳар як шаҳру ноҳияи вилоят яке ҳунарҳои мардумӣ, дуюмӣ анъанаҳои миллӣ ва аксарият маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ аз қабили зироатҳои ғалладонагӣ, меваҳои шаҳдбор ва беҳтарин навъҳои сабзавотро ба маъраз гузоштанд.

Дар як гӯшаи махсус кадбонуҳои ҳунарманд таомҳои гуногуни хушлаззатро омода ва пешкаши меҳмонон карданд.

Зимни тамошои намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд дода, рушди бахши кишоварзиро омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ маънидод намуд.

Ба андешаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон танҳо бо меҳнати ҳалолу фидокорона ва иҷрои ҳадафҳои бобарори Ҳукумати кишвар мо метавонем ба татбиқи яке аз самтҳои стратегии ҷумҳурӣ таъмини амнияти озуқаворӣ бирасем ва бо ин сатҳи зиндагии мардумро беҳтар намоем.

Тавре ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, меҳнаткашони вилояти Хатлон соли 2015 беш аз 2 миллион тонна сабзавот, полезиҳо, картошка ва меваю ангур истеҳсол карданд. Дар солии 2015 нисбат ба соли 2014 ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ду баробар афзоиш ёфтааст. Дар нақша аст, ки соли ҷорӣ дар вилоят 1147 гектар боғу токзори нав бунёд шавад. Дар 5 соли оянда бошад, бунёди 5720 гектар боғу токзор ба нақша гирифта шудааст.

Пас аз тамошои намоишгоҳ бо боғи намунавии интенсивии ба номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, ки дар майдони 160 гектар бунёд шудааст, шинос шуда, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Рустами Эмомалӣ ниҳоли дарахти себ шинонданд.

Барои саҳм гузоштан дар ин маъракаи муҳим, ки ташаббускори асосиаш Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мебошад, сокинони ноҳияи Хуросон ва аъзои Хоҷагии фермерии Асадулло ҷамъ омаданд.

Дар Хоҷагии фермерии Асадулло давоми шаш соли охир беш аз 1700 гектар боғу токзори нав бунёд гардид. Дар боғи интенсивии себ 30 намуди ниҳоли дарахти себ, аз ҷумла Новелла, Даря, Эрлимак, Редфрӣ, Дейтон, Прима, Флорина, Либертӣ, Голдраш, Чемпион, Пинова, Фуджӣ, Грани Смит ва ғайра шинонида шудааст. Дар маҷмуъ боғу токзори хоҷагӣ 2017 гектарро ташкил медиҳад. Акнун бо бунёди боғи нав беш аз 300 нафар соҳиби ҷойи кор гардиданд. Таваҷҷуҳ ба боғи интенсивӣ бештар буда, дар маҷмуъ боғи интенсивии себ дар ин хоҷагӣ 114,5 гектарро ташкил медиҳад. Дар 5 соли оянда меҳнаткашони хоҷагӣ мақсад доранд боз 500 гектар боғ бунёд намоянд. 

Тавре маълум гардид, ки дар ин ҷо бо ҳидояту маслиҳатҳои муфиди Президенти мамлакат беш аз 10 намуди ангур ва дар ҳазорҳо гектар навъҳои содиротии себ, нок, зардолу, шафтолу, гелос, олу, олуболу, олуча, чормағз, бодом, анҷир, анор, тут, писта, биҳӣ ва лиму ва дарахтони сояафкану ороишӣ шинонда шудааст.

Мавзеи Фахрободи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон солҳои пешин бо иқтидори азими истеҳсолӣ ва фаъолияти намунавии худ хеле машҳуру овозадор буд ва тайи солҳои охир бо супоришу раҳнамоии бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барқарорсозии боғу токзори харобгаштаи он дубора оғоз ёфта, боғу токзори нави намунавӣ бунёд меёбанд.

Яке аз тадбирҳои муҳиме, ки Президенти мамлакат бо амалӣ кардани он ба беҳдошти сатҳи зиндагии сокинони ин минтақа заминаи мусоид фароҳам оварданд, ин бунёди ҳазорон гектар боғи нав ва таъсиси ҳазорҳо ҷойи корӣ мебошад.

Танҳо дар заминҳои Хоҷагии фермерии Асадулло солҳои охир бо афзоиши майдони боғу токзор зиёда аз ҳазор нафар бо кор таъмин шудаанд.

Хоҷагӣ дар ихтиёри худ ҳамчунин қитъаи ниҳолпарварӣ дорад ва имкон аст, ки худ ва дигар хоҷагиҳои боғутокпарвариро бо навниҳолҳои хушсифат таъмин намояд.

 Тавре маълум шуд, боғу токзор ва зироатҳои обталаби ин мавзеъ бо истифода аз технологияҳои муосир ба тариқи қатрагӣ обёрӣ карда мешаванд. Барои ин 2 млн. 200 ҳазор метр лўлаи махсуси обёрии қатрагӣ дастрас карда шудааст.

Бо дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии фермерии мазкур парвариши чорво ба роҳ монда шудааст ва кишти зиротаҳои гуногуни гандум, ҷав, наску нахуд, зағер, кунҷит, мушунг, картошка, каду ва полезиҳо барои рушди ин соҳа имкони хубро фароҳам овардааст.

Дар ҳашари умумии имрӯза, ки бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, ҳазорҳо адад навъҳои гуногуни ниҳолҳои мевадиҳандаю ороишӣ шинонида шуд.

Ҳамзамон ҳангоми ниҳолшинонӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ноҳия оид ба рушди соҳаи боғу токапарварӣ ва аҳамияти он маслиҳатҳои муфид доданд. Бунёди боғҳои нави меваҳои содиротӣ барои пешрафти иқтисодиёти кишвар ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум манфиатбахш маънидод гардид.

Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барномаи нави рушди  соҳаи боғутокпарварӣ барои солҳои 2016-2020 қабул гардида, мавриди амал қарор дорад, ки тибқи он дар майдони беш аз 20 ҳазор га боғу токзори нав бунёд хоҳад ёфт.

Бо боварӣ гуфта метавонем, ки таҷрибаи боғпарварони Хоҷагии фермерии Асадулло дар ҷумҳурӣ намунаи ибрат буда, он ба як мактаби хуби таҷрибавии олимону мутахассисони соҳа ва ҳунаромӯзии донишҷўёну мактаббачагон табдил ёфтааст.

Бино ба таъкиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ниҳолпарварону боғпарварони кишвар аз ҳар як рӯзи мусоид  пурсамар истифода бурда, дар бунёди боғу токзори наву барқарорсозии боғоти кӯҳна, кабудизорсозии муҳити зист ва ободу зебо намудани ҳар ваҷаби хоки сарзамини зархези Тоҷикистони азиз бояд саҳмгузор бошанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520