ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 22 феврали соли 2016 №73
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи Директори генералии Ҷамъияти
саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд»
озод намудани Маҳмудзода М.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Маҳмудзода Маъруф бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон