Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини Дабири кулли СММ, Котиби иҷроияи комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Шамшод Ахтар

05.02.2016 10:35, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Котиби иҷроияи комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Шамшод Ахтарро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

“Тоҷикистон ҳамкории судмандро бо ҳама сохторҳои дахлдори Созмони Милал ба вижа бо Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмон барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором фаъолона ва пайгирона идома хоҳад дод”-таъкид дошт дар ҷараёни сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Аз саҳми назарраси ЭСКАТО ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон изҳори қаноат карда шуд.

Дар мулоқот атрофи ҷамъбасти натиҷаҳои конфронси душанбегӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” дар солҳои 2005-2015”, иқдоми навбатии Тоҷикистон барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, ҷаласаи 10-уми Шӯрои Барномаи махсуси СММ барои иқтисоди Осиёи Марказӣ дар Душанбе, инчунин дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои маҳсур дар хушкӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Ҷонибҳо модернизатсияи шоҳроҳҳои мошингарду роҳҳои оҳан, рушди бахши кишоварзӣ ва минтақаҳои деҳот, иқтисодиёт ва савдо, сармоягузорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бунёди хатҳои интиқоли барқ ва лӯлаҳои газ, татбиқи лоиҳаҳои минтақавии гидроэнергетикӣ бо истифода аз захираҳои фаровони обии Тоҷикистон, аз қабили CASA-1000-ро барои рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ амри муҳим шумориданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520