Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиёрати оромгоҳи Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с)

05.01.2016 23:11, Арабистони Саудӣ

Дар доираи сафари расмӣ ба Мамлакати Арабистони Саудӣ, баъди тавофи хонаи Каъба ва адои ҳаҷи умра Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Макка ба шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ ташриф овард.

Дар ин ҷо Пешвои миллати тоҷик дар масҷиди набавии шаҳри Мадина равзаи Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммадро (с) зиёрат кард.

Мавриди зикр аст, ки ҳар як бандаи муъмин, онҳое, ки маросими ҳаҷи фарзӣ ва умраро ба ҷо меоранд, дар шаҳри Мадина оромгоҳи паёмбари исломро ҳам зиёрат мекунанд.

Шаҳри Мадина яке аз шаҳрҳои зебои сарзамини муқаддаси Арабистони Саудӣ ва макони 2 - юми зиёрати аҳли ислом - мусулмонони ҷаҳон аст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати ҳамроҳ дар масҷиди набавӣ низ дар назди равзаи пайғамбари ислом ду ракъат намози нафл хонда, барои осудагии мардуми шарафманди тоҷик ва шукуфоии Тоҷикистони азиз дуову фотеҳаи нек кард.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати неку бобарори хориҷӣ ва робитаҳои судманди ду кишвар якҷоя бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои адои маросими ҳаҷи шаҳрвандони Тоҷикистон тамоми имкониятҳоро фароҳам овардаанд.

Ҳамин аст, ки ҳамасола садҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои адои ҳаҷ ва умра ба шаҳрҳои Маккаву Мадина омада, хонаи Каъбаро тавоф ва равзаи пайғамбари исломро зиёрат мекунанд.

Баъди зиёрати Равзаи Пайғамбари ислом Муҳаммади Мустафо (с) дар шаҳри Мадина сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба  Мамлакати Арабистони Саудӣ анҷом ёфт.

Мавриди зикр аст, ки мулоқоту музокироти сатҳи олии роҳбарони давлатҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони воломақоми ин кишвар, баррасии масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, инчунин имзои як қатор санадҳои муҳими ҳамкорӣ аз натиҷаҳои бобарори сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки аз 2 то 5 январ дар шаҳрҳои Риёз, Ҷидда, Макка ва Мадинаи Арабистони Саудӣ ҷараён  гирифт.

Рӯзи 5 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари бобарори расмӣ аз шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ ба Ватан баргашт.  

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520